Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
денад. Шахси сеюм — ин ҳамон касест, ки ман туро ба наздаш мефиристам. Ду каси боқимондаро ту медонӣ.
— Мефаҳмам, сеньорита. Гапи шумо барои ман қонун.
Агар инро ёдоварӣ кардан лозим набошад ҳам, Бенито ба асп савор шуда меравад, зеро одамони касбу кори вай, ҳатто агар як миль роҳро тай карданашон лозим бошад ҳам, аҳён-аҳён пиёда мегарданд.
— Сабр кун! Боз як илтимос! — чег мезанад ӯро Исидора.— Дар он ҷо серапе ва кулоҳ мебинӣ — онҳоро гирифта биёр. Онҳо аз они ман. Ман туро дар ҳамин ҷо нигарон шуда меистам, ё дар роҳ пешвоз мегирам.
Бенито таъзим карда меравад. Вале боз ӯро аз роҳаш нигоҳ медоранд.
— Ман аз фикрам гаштам, сеньор Бенито, — ман қарор додам ҳамроҳи ту равам.
Мудири дон Сильвио аллакай ба инҷиқиҳои ҷияни хоҷаи худ одат карда буд. Ӯ бечупучаро итоат мекунад ва аз нав сари аспро ба тарафи тал мегардонад.
Духтар ба дунболи ӯ равон мешавад. Ӯ худаш фармуда буд, ки Бенито пеш-пеш равад. Ин дафъа Исидора асосе дорад, ки ба урфу одати асилзодагон риоя накунад.
Вале Бенито саҳв кард. Сеньорита Исидора на аз рӯи инҷикӣ ӯро мушоият мекунад: Исидора барои ин сабабҳои ҷиддӣ дорад. Ӯ на фақат серапе ва кулоҳ, балки мактубашро, ки ба сараш ин қадар ногувориҳо оварда буд, фаромӯш карда буд.
Бенито набояд аз ин огоҳ шавад — Исидора наметавонад бовар карда ҳамаашро ба ӯ гӯяд. Ин нома боиси ҷанҷол мегардад, ки аз муноқиша бо дон Мигуэль Диас дида ногувортар хоҳад шуд.
Ӯ ба умеде гашта мерафт, ки номаро гирифта барад. Чӣ хел беаклӣ, ки дар ин бора пештар фикр накард...
Вале мактуб чӣ тавр ба дасти Эл-Койот афтид? Ӯ онро фақат аз Хосе гирифта метавонист!
Пас, хизматгори ӯ — хоин аст? Ё худ Диас бо ӯ вохӯрда, зӯран маҷбур кардааст, ки мактубро ба вай диҳад?
Ҳардуяш ҳам ба ҳақиқат наздик буд.
Чунин рафторро аз Диас комилан чашмдор шудан мумкин буд; аз ваҷҳи Хосе бошад, чандумин маротиба аст, ки Исидора ӯро ба ҳаддорӣ гумонбар мешавад.
Исидора аз тал боло баромада ҳамин тавр фикр мекунад.
Оқибат онҳо ба қуллаи тал мерасанд ва дохили ялангӣ мешаванд. Исидора акнун аз паҳлуи Бенито асп меронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор