Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
манзил расидани шумо ва боз се рӯзи дигар давом мекунад. Аммо дигар тарсидан лозим нест. Хокистар тамоман рӯфта бурда шудааст. Шамол онро пеш бурд ва гумон аст, ки шумо онро дар ин канори Рио-Гранде дарёбед.
— Сэр, — гуфт плантатор аз помонакҳои карета шитобон фуромада, — мо аз шумо ба...
— ...ҷон миннатдорем! — хитоб намуд Генри суханони даркориро ёфта. — Умедворам, сэр номатонро гуфта моро сарфароз мегардонед.
— Морис Чералд, — ҷавоб дод марди ношинос. — Агарчи дар қалъа маро одатан Морис-мустангер1 меноманд.
— Мустангер! — нафратангез ғур-ғур намуд Колхаун, аммо овози гапзании вай ба андозае паст буд, ки суханони ӯро фақат Луиза шунида тавонист.
«Фақат мустангер», — ноумедона аз дил гузаронид асилзода Пойндекстер.
— Акнун ман дигар ба шумо лозим нестам. Бе ман ва лассои ман роҳро меёбед, — гуфт шикорчии аспи ёбоӣ.
— Дарахти сарв менамояд, ба он нигоҳ карда рост рафтан гиред. Аз дарё ки гузаштед, дар болои қалъа хилпирос задани байракро мебинед. То шом шумо ба манзил мерасед. Ман шитоб дорам ва бо шумо хайрухуш карданам лозим.
Агар мо иблисро савори аспи ҷаҳаннам ба худ тасаввур кардани шавем, Морис-мустангерро, ки маротибаи дуюм плантатор ва ҳамсафаронашро партофта рафт, тасаввур кардан кофист.
Вале на рӯи хокистаролуд, на касбу кори оддӣ шаъну эътибори Морис-мустангерро дар назари Луиза Пойндекстер паст накарданд — ӯ аллакай дили духтарро ба даст оварда буд.
Чунин Луиза номи мустангерро шунид, визиткартаро ба сари синааш зер карда ва ғарқи фикру хаёл чунон оҳиста пичиррос зад, ки ба ҷуз худи ӯ дигар касе суханонашро шунида натавонист.
— Морис-мустангер, ту дили креолдухтарро рабудӣ. Худоё, худоё! Ӯ хеле ба Люцифер2 монанд аст, оё ман бо чашми нафрат ба ӯ нигариста метавонам!
1 Мустангер — шикорчии асбони ёбоӣ, мустангҳо.
2 Люцифер — мувофиқи ривоятҳо малоикаи муқарраб, ки ба муқобили раъйи худованд бармехезад ва худо ӯро ба дӯзах мепартояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё