Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

мекард, гӯё маҳтал буд, ки саг ҳар як суханро мефаҳмад.
— Ҳа, Тара, ганҷи бебаҳои ман,— хитоб намуд марди шими баҳмалпӯш,— ба Баллибалоҳ гашта рафтан мехоҳӣ? Рӯи ҳавлии қалъа ва тахтасангҳои тозааш бошад, ки шодӣ карда тохта гардӣ! Ва айни муддао шикаматро сер мекарданд, бубин фақат пӯсту устухонат мондааст ва қабурғаҳоят ҳам шумурдан мумкин. Чӯраҷонакам, ман худам ҳам ба он ҷо рафтан мехоҳам! Аммо кӣ медонад, ки хоҷаи ҷавон кай азми сафари диёр мекунад! Хайр, ҳеҷ гап не, Тара! Ӯ ба наздикӣ ба посёлка меравад, саги пири ман, ваъда кард, ки моро ҳам ҳамроҳаш мебарад — ба ҳаминаш ҳам шукр. Ҷин занад! Се моҳ мешавад, ки ман ба қалъа нарафтаам. Шояд, дар байни сарбозони ирландии ба наздикӣ ба ин ҷо фиристода ягон дӯстамро вохӯрда монам. Ана он гоҳ то гӯри падараш менӯшем! Дуруст, Тара?
Саг номашро шунида, сарашро бардошт ва гӯё «ҳа» гуфтанӣ бошад, фирикқос зад.
— Ҳозир ҳам агар гулӯро тар мекардем, бад намешуд,— ҳарисона ба сӯи шиша назар андохта, ба гапаш давом намуд марди ирландӣ.— Вале охир шиша қариб холӣ шудааст ва мумкин аст хоҷаи ҷавон фаҳмида монад. Напурсида нӯшидан ҳам нағз не. Ҳамин тавр не, Тара?
Саг боз тумшуқашро дар болои хокистар бардошта фирикқос зад.
— Охир дафъаи гузашта ту «ҳа» гуфта будӣ? Ҳозир ҳам ҳамонро мегӯӣ? Ҳа, Тара?
Саг аз наҳом хел овоз баровард, ки шояд, ё аз андак шамол хӯрдан буд, ё аз хокистаре ки ба биниаш даромада буд.
— Боз «ҳа»? Гапаш ҳамин! Ана ин ҷонвари безаҳон чӣ гуфтан мехоҳад! Маро васваса накун, ҳасдузди пир! Не-не, як култ виски ҳам ба даҳон намегирам. Фақат пукаашро гирифта бӯй мекунам. Яқин хоҷа ҳеҷ чиз намефаҳмад; ҳатто агар фаҳмад ҳам намеранҷад. Фақат бӯй кардан — ин гуноҳ не-ку.
Марди ирландӣ ин суханонро гуфту аз ҷой хеста ба кунче, ки шиша истода буд, равон шуд.
Ҳар қадар худро хотирҷамъ накунад ҳам, дар рафтораш ким-чӣ ҳилагарона буд — ё ӯ ба покии худ шубҳа мекард, ё шубҳа менамуд, ки оё барои ба васваса муқобилат кардан қувваи иродааш мерасида бошад.
Ӯ ба тарафи дар баргашта каме истода гӯш кард; баъд зарферо, ки ӯро васваса мекард, бардошт, пукаашро гирифт ва даҳони онро ба биниаш наздик бурд.

пешина
аз 509
навбатӣ