Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Фелим! — аз берун овозе баланд гардид. — Фелим!
— Ана хоҷа омад, — гур-гуркунон аз курсӣ ҷаста хест Фе-лим ва аз паси саг ба тарафи дар давид.

Боби VI

МУСТАНГИ ГУЛИ БОДОМ

Фелим саҳв накарда буд: ин овози хоҷааш Морис Чералд буд.
Хизматгор аз дар баромада дид, ки мустангер меояд. Чӣ тавре ки чашмдор шудан лозим буд, ӯ савори аспи худ ба хона бармегашт; вале ҳоло Турукаш ба обу арақ ғӯтида, ба назар қариб сип-сиёҳ менамуд, сағрӣ ва гарданаш қафк карда буд.
Турук худаш танҳо набуд. Бо лассои таранлкашидае, ки нӯкаш ба қоши зин баста шуда буд, аз қафо ҳамҷинсаш — дурусттараш, маҳбусро кашола карда меовард. Ба сари мустанги дастгиркарда нӯхта зада шуда буд.
Ин як мустанги рангаш ғайриоддие буд. Ҳатто дар байни галаҳои калон, ки дар даштҳо чарида мегарданд ва асбони рангашон гуногун во мехӯранд, ин ранг хеле кам буд.
Ранги асп ҷигарини сиёҳтоб буда, холҳои сафед дошт ва холҳои сиёҳи паланг барин баробар рӯи пӯстро фаро гирифта буданд. Ранги аҷиби асп бо андоми бенуксони ӯ мувофиқ буд. Ӯ синаи васеъ, сағриҳои рост, пойҳои борики мавзун ва саре дошт, ки намунаи зебоии асп шуда метавонист; дар калонӣ аз асбони ваҳшӣ калонтар ва аз аспи муқаррарии зоти англисӣ хеле хурд, ҳатто аз Турук, ки ӯ ҳам мустанг буд ва барои асир гирифтани вай ёрдам карда буд, хурдтар буд.
Аспи хушандом модиён буд; ӯ аз галаи асбоне буд, ки дар саргаҳи Аламо чарида гаштанро дӯст медошт ва мустангер се маротиба ӯро дунболгирӣ карда бошад ҳам, дастгир карда натавонист.
Фақат дафъаи чорум кори Морис омад кард. Аз чӣ ин қадар ӯ дар ҳаваси дастгир кардани маҳз ҳамин асп буд, сирри маҳфини мустангер мондан гирифт.
Ҳатто аксар вақт, ҳангоме ки Морис бо панҷ-шаш мустанги дастгиркардааш аз шикор бармегашт, Фелим хоҷаи худро ҳеҷ гоҳ ин гуна хушҳол надида буд.
Ва то ҳол Фелим мисли модиёни гули бодом ин гуна мустанги зеборо надида буд. Ба ин собиқ хизматгори кӯшки Баллох

пешина
аз 509
навбатӣ