Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

БОБИ I

ДАШТИ СӮХТА

Тахмин сад мил ҷанубтари шаҳри қадимаи испанӣ Сан-Антонио-де-Бихор офтоби нисфирӯзӣ дар осмони беабри лоҷувардӣ бар болои ҳамвории бепайдоканори Техас шазшаапошӣ мекунад. Дар партави тиллоранг ашъёҳое намоёнанд, ки барои дашти пойнарасида ғайримуқаррарӣ мебошанд — дар он ҷо аз манзили одамӣ осоре набушад ҳам, онҳо аз будани одам шаҳодат медиҳанд.

Ҳатто аз дур дидан мумкин аст, ки онҳо фургон мебошанд; ҳар кадомаш аз катони сап-сафед ба шакли нимдоира болопӯш дорад.

Онҳо даҳтоянд, ки миқдорашон барои корвони тиҷоратӣ ё худ аробаҳои ҳукуматӣ хеле кам мебошанд. Аниқтараш онҳо аз они ягон муҳоҷире мебошанд, ки кӯчида ба соҳили баҳр фуромадааст ва ҳоло ба яке аз посёлкаҳои нави канори дарёи Леона равон мебошад.

Фургонҳо қатори дарозро ташкил дода, дар дашт чунон оҳиста хазида мераванд, ки роҳ гаштанашон қариб номаълум мебошад ва фақат аз рӯи ҷунбиданашон дар қатори дарози аробаҳо инро пай бурдан мумкин аст. Сӯробҳои сиёҳтоби байни фургонҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ба онҳо асп баста шудааст; оҳуи рамида ва кроншнепи1 бонгзанон ба ҳаво парвоз карда шаҳодати онанд, ки корвон ҳаракат мекунад. Ҳам ҷонвари ваҳшӣ, ҳам парранда дар ҳайратанд, ки ин аҷоибҳилкатон кистанд, ки ба мулкҳои ёбоии онҳо зӯр карда даромадаанд?

Ба ҷуз ҳамин дар сартосари дашт дигар ҳеҷ як ҳаракат дида намешавад: на паррандаи дарпарвозро дидан мумкин аст, на даррандаи даргурезро. Дар ин гармои сӯзони нисфирӯзӣ тамоми ҷонзод дар дашт ором мегирад ё худ дар соя пинҳон мешавад. Ва фақат одам бо таҳрики шӯҳратталабӣ ё тамаъкорӣ қонунҳои табиати хорро вайрон карда, ба доираи офтоби сӯзон мебарояд.

Сарфи назар аз гармои сӯзони беҳолкунанда, соҳиби корвон низ роҳи худро давом медиҳад.

Ба ҳар фургон ҳашт хачири боқувват баста шудааст. Ба фур-

1 Кроншнер — аз хонаводаи паррандагони шикакаш.

пешина
аз 509
навбатӣ