Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ин порчаи конверт аз бисёр чизҳо шаҳодат медиҳад, — гур-гур кард Зеб.— Аз чизи дарунаш будагӣ дида аз ин бисёртар гапҳоро фаҳмидан мумкин. Дар вақти чой кардани тир ба ҷои намадпора кор фармуда шудааст... Ҳайр чӣ, сазои он нобакор ҳамин! Бигузор донад, ки ба ҷои як порча пӯсти равғандодаи гавазн, ки ҳар як одами баору номус ҳамин тавр мекунад, чӣ тавр ҳар хел лашулушро кор фармудан мумкин... Ҳатро зан навиштааст, — аз нав ба коғазпора зеҳн монда ба гап давом намуд шикорчӣ.— Ин ҳеҷ чизро намефаҳмонад. Ном, фамилия ва рутбаи ӯ сабт шудааст, пас азони ӯст. Коғазпораро эҳтиёт кардан лозим!

Шикорчии пир инро гуфту ҳалтачаи чарминеро, ки дар он чақмокро нигоҳ медошт, аз киса баровард ва коғазпораи ёфтаашро эҳтиёткорона дар он руст кард.

— Ҳайр чӣ, пиракӣ Зебулон Стумп, — аз нав ба гап сар кард ӯ, — мисли ин ки ин сардаргумин пурасрорро фаҳмидан ба ту бо осонӣ муяссар мегардад. Агарчӣ баъзе чизҳо ҳанӯз норавшан мемонанд, дар баъзе ҷойҳо сарришта канда мешавад, аммо ҳеҷ бок не. Шахсе, ки ӯро куштаанд, ҳар касе набошад, ана дар он ҷои кӯлмаки хун будагӣ хобида будааст. Қотил, касе ки набошад, дар паси ана ҳамин дарахти акоқиё меистодааст.
Агар ин фислукҳо корро вайрон намекарданд, ман боз баъзе чизҳои дигарро дониста мегирифтам. Акнун дигар чора нест — изҳо кӯр шудаанд. Ба ин тараф рафтан дигар нафъ надорад.
Агар илоҷаш бошад, аз ҳама нағзаш акнун ба по омада гашта рафтагӣ рафта дониста гирифтан лозим, ки аспи наълаш шикастагӣ пас аз шикор соҳибашро ба куҷо бурдааст. Ба ҳамин тариқ, пиракӣ Стумп, паи мӯзаро гирифта рафтанатон лозим меояд.

Шикорчии пир ин суханонро гуфту бо ҳамон изе, ки ӯро ба борикраҳа оварда буд, гашта рафт. Из қариб наменамуд, вале он акнун ба Зеб лозим набуд.

Пештар аз ин ӯ мушоҳида карда буд, ки соҳиби из оқибат ба ҷои аспаш бастагӣ баргаштааст.

Вале дар як ҷой ин ду из ҳам ҷудо мешуданд: аз пеши роҳ буттаҳои ба ҳам печидаи касмагузар баромада монданд ва котили гумонӣ ноилоҷ онҳоро давр зада гузашта буд. Баъд ҳар ду из боз як ҷо шуданд, вале фақат баъд аз он ки изи гашта рафтагӣ шикорчиро ба ялангии калоне расонд ва Зеб он ҷоро бо диққат аз назар гузаронид.

Дар ялангӣ изҳо барҷало намоён, вале тамоман дигар буданд. Ин пайраҳои сумзадае буд, ки ялангиро миёнбур мекард.

пешина
аз 509
навбатӣ