Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Зеб дид, ки якчанд рӯз пеш аз он аспони наълдор гузашта рафтаанд; ана ҳамин изҳо диққати ӯро ба худ ҷалб намуданд.

Ӯ на фақат кадом рӯз, балки кадом соат аз ин ҷо гузашта рафтани аспонро бехато гуфта метавонист; барои донистани ин ба изи сумҳо бо диққат нигаристани ӯй кифоя буд.

Вале ин дафъа бе ин ҳам ҳамааш ба ӯй равшан буд. Ӯ медонист, ки ин изи аспони отряди на чандон калоне мебошад, ки пас аз гашта ба қалъа рафтани майор бо драгунҳои худ, ҳамроҳи Спенглер монда буд.

Зеб дар бораи ин тадқиқи иловагӣ аллакай бохабар буд, бохабар буд, ки чӣ тавр Спенглер ва рафиқони ӯй роҳи гашта рафтагин аспи Генри Поиндекстерро то ҷое, ки дар ҳудуди плантация зангӣ ӯро дастгир карда буд, тафтиш карда баромаданд.

Тадқиқи дуюмбора ба аксарият касон зиёдатӣ менамуд, вале фикри Зеб Стумп дигар буд. Ӯ ба изҳо зеҳн монда, дудилӣ шуда истод.

— Агар медонистам, ки ба ин вақтам мерасад, ман ин изро аз аввал тафтиш карда мебаромадам, — ғур-ғур кард вай. — Кӣ медонад... бояд, боз ягон чизи ғалатӣ ёфт шавад. Вале гумон аст, ки ба ин фурсат шавад, бинобар ҳамин нағзаш дарҳол бо аспи наълшикаста машғул шавам.

Зеб акнун баргашта аз ялангӣ рафтанӣ буд, ки фикри наве ӯро аз роҳ нигоҳ дошт:

— Охир ҳар вақте ки набошад ман ӯро бо осонӣ меёбам. Бе ин ҳам ба куҷо бурданашро медонам, гӯё худам бо он нобакор, ки бурда ӯро дар огилхонаи Каса-дель-Корво бастааст, савора пахлӯ ба пахлӯ рафтаам. Модоме, ки ман ба ин ҷо омадаам, ба монда рафтани ин из дилам намешавад! Шояд он маро ба тай кардани боз даҳ миль роҳ маҷбур намояд ва гумон аст ба ин вақти ман кифоя кунад. Арвоҳ занад, ақаллан камтар роҳ тай кардан лозим! То ман гашта омадан модиёни пир камтар сабр кунад, ҳеҷ воқеа намешавад.

Ва Зеб ба изи аспи Спенглер ва ҳамсафарони ӯ равон шуд.

Вале ӯ изи онҳоро намеомӯхт. Тамоми диққати ӯ ба изи аспи Генри Поиндекстер ҷалб карда шуда буд. Ва агарчи отряд аз ин ҷо дертар гузашта рафта буд ва изеро, ки тааҷҷуби шикорчиро ниҳоят ҷалб мекард ва анқадар кӯр шуда бошад ҳам, ба ҳар ҳол бо осонӣ онро фарқ мекард. Худаш мебуд ҳам мегуфт, ки ҳар як кӯдак аз уҳдаи ин кор баромада метавонад. Аспи плантатори ҷавон чорхез мерафтааст. Пайгирҳо оҳиста-оҳиста роҳ паймудаанд.

пешина
аз 509
навбатӣ