Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба андозае, ки Зеб Стумп сарфаҳм рафта тавонист, аспони отряд наистода ва аз роҳ набаромада буданд. Аспи Генри Пойндекстер дар як ҷо аз пайраҳа баромада буд.
Ин чорьяк миль дур аз борикраи ҷангалӣ буд.
Асп дар сари дави тез наистода, гӯё аз ким-чӣ: гург, паланг, пума ё дигар дарранда ҳаросида, ба канор ҷастааст.
Минбаъд пештара барин чорхез рафтааст.
Отряди Спенглер наистода гузашта рафтааст, ки сабаби ба канор ҷаҳидани аспоро дониста гирад.
Вале Зеб Стумп басе кунҷковтар буд ва дар ин ҷо таъхир намуд.
Ин қисмати роҳ пур аз сангреза ва беалаф буд. Бар болои борикраҳа дарахти азиме қад афрошта, шоҳаҳояш ба ҳар тараф панҷа давонда буданд. Як шоха дар болои пайраҳа чунон паст буд, ки савора сар ҳам накарда гузашта наметавонист. Зеб Стумп бо диққат онро аз назар гузаронид. Ӯ дид, ки пӯсти он зарар дидааст, агарчи ҷои кандашудаи пӯсти шоха калон набуда ҳам, зоҳиран он аз зарбаи кадом як ҷисми сахт ба амал омада буд.
— Ба ин сари одам задааст, — гуфт шикорчӣ. — Асп аз шоха ин тараф савор доштааст, аз шоха он тараф асп бесавор будааст. Ҳеҷ кас ба чунин зарба тоб оварда ва дар рӯи зин худро нигоҳ дошта наметавонад.
— Ура! — Пас аз он ки ӯ таги дарахтро бо диққат аз назар гузаронид, бо тантана хитоб намуд вай. — Ман ҳам ҳамин тавр фикр карда будам. Ана дар ин ҷо афтида изаш мондааст. Ана дар ин ҷо гавак кашидааст. Акнун фаҳмидам, ки ғуррии пурасрори пешониаш аз чӣ будааст. Медонистам, ки изи панҷаи дарранда не ва ба зарбаи санг ё чӯб монанд не. Ана ӯ онро ба чӣ зада будааст!
Зеб аз хурсандӣ шодмон гардида, сабук-сабук қадам партофта ба пеш, ба пайраҳа не, балки ба изи шахси аз зин афтида раҳсипор гардид.
Зеб ба нишонаҳо, ки шояд, барои одами нобалад номаълум, вале барои вай хати ба рӯи сутунҳои қади роҳ навишта шуда барин равшан буданд, рафтан гирифт. Шоҳчаи шикаста, печакҳои кандашудаи растаниҳои хазанда, хатаки рӯи замин — ҳама аз он шаҳодат медод, ки аз ин ҷо одам гузаштааст. Ба замми ин, из равшан нишон медод, ки он шахс роҳ гашта натавониста гавак кашидааст.
Зеб Стумп изи марди бечораро гирифта то соҳили дарёча расид.

пешина
аз 509
навбатӣ