Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ки вай, гӯё соҳибааш барин, бесаброна тамом шудани ин гуфтугӯро мунтазир буд.
Колхаун, баръакс, мехост ки ҳар чӣ бошад ин сӯҳбатро давом диҳад, ба ҳар ҳол онро дигар хел анҷом диҳад.
— Бубахшед, сеньорита... — гуфт ӯ бо қиёфаи кордонона, вале дар овозаш як қадар бечуръатӣ ҳис карда мешуд. — Агар шумо мустанги хокистаррангатонро ин қадар нағз мезада бошед, дар он сурат ман бо ҷону дил аспи худамро бо аспи шумо иваз мекардам. Ростӣ гап, аспи ман дар зебоии қаду қомат чандон назаррабо набусад ҳам, вале аспчаллобони техасини мо ба ивазаш пули нағз доданӣ шуданд. Агар дар чобукӣ бедав набусад ҳам, вале ба гапам бовар кунед, ки шуморо соку саломат ба хонаатон бурда мерасонад ва минбаъд ҳам ба шумо нағз хизмат мекунад.
— Чӣҳо мегӯед, сеньор! — бо тааҷҷуб хитоб намуд Исидора. — Аспи нағзи зоти америкоии шуморо бо мустанги мексикоии алиш кардан? Таклифи шумо ба назарам шӯхӣ менамояд. Оё медонед, ки дар Рио-Гранде ба ивази як аспи шумо се, балки шаш мустанг медиҳанд?
Колхаун инро нағз медонист. Вале дар айни замон ӯ медонист, ки мустанги Исидора аз як огил аспи хокистарранги худаш барин аспон ба вай заруртар аст. Ба ғайр аз он чӣ ки ӯ дар бораи вай аз дигарон шунида буд, охир худаш шоҳиди тезрафтории фавқулодда тарбииёфтаи дашт буд. Ва на фақат «аспи бағоят нағз»-и худро, балки ба ивази ин мустанг ҳар қадар пул ки набошад, медод.
Ба толеи Колхаун мексикоидухтар ҳатто ақл накард, ки «парх гузорад» — Исидораро пулпараст номидан мумкин набуд. Дар огилхонаҳо — дурусттараш, дар чарогоҳҳои падарии ӯ шумораи аспонашон то панҷ ҳазор мерасид. Чаро як хоҳиши почизи касро, агарчӣ ношинос, шояд, ҳатто душман бошад ҳам, не гӯяд!
Исидора не нагуфт.
— Сеньор, агар ин гапатон шӯхӣ набошад, марҳамат, — гуфт ӯ.
— Сеньорита, ман тамоман ҷиддӣ мегӯям.
— Набошад гиред, — гуфт Исидора ва ҷаста аз асп фуромада, ба кушодани пуштанг сар кард. — Зинҳоро алиш карданамон мумкин не, чунки зинии шумо барои ман хеле калон.
Колхаун чунон хурсанд гардид, ки ба изҳор кардани миннатдорӣ сухан намеёфт. Ӯ ба ёрии Исидора шитофт, ки дар кушодани зин ба вай ёрдам кунад ва баъд зинии худро кушод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор