Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Панҷ дақиқа нагузашта аспҳо иваз карда шуданд. Зину лачом ба соҳибони пештараашон монданд.
Ҳамаи ин чизҳо ба Исидора хеле ғалатӣ намуданд. Ӯ аз ханда базӯр худдорӣ мекард.
Колхаун бошад ба ин тамоман дигар хел рафтор мекард — мақсади вай хеле ҷиддӣ буд.
Онҳо аз ҳам ҷудо шуда фақат «хайр, то дидан» гуфтанд. Исидора савори аспи зоти америкой ба роҳ афтод, капитан бошад роҳро ба сӯи асьендаи Каса-дель-Корво савори аспи булӯл давом дод.
Боби LXXIX
ПАЙГИРИ ХАСТАНОПАЗИР
Зеб ба ҷои модиёнашро бастагӣ баргашт. Паттазор ба вай нағз шинос буд ва онро миёнбур карда рост ба сӯи борикраҳа рафт.
Ӯ аз нав ба изи наҳли шикаста равон шуд ва боварии комил дошт, ки из ӯро ба Каса-дель-Корво мебарад.
Из аз канори роҳе мерафт, ки он гузаргоҳи дарёи Рио-Грандеро бо қалъаи Инч мепайваст. Ин роҳ тахмин ним мил васеъ буд — барои Техас ин воқеаи муқаррарӣ буда, ҳар роҳгузар аз ҷониби дилхоҳаш меравад ва фақат ба самти умумӣ риоя мекунад.
Аспи наҳлшикаста аз канори ҳамон роҳ тохта рафта буд.
Вале дар масофаи чор-панҷ мил аз қалъа зовияи гардиши асп чуноне буд, ки мебоист рост аз назди плантацияҳои Пойндекстер мебаромад. Зеб ба дараҷае аз ин дилпур буд, ки қариб ба замин нигоҳ намекард, балки гӯё қад-қади роҳи мерафтагиаш сутунчаҳои нишона гузошташуда бошанд, бо суръат пеш мерафт.
Агарчи Зеб яқин душмани саворагардӣ буд, ин дафъа ор накарда сафари худро дар рӯи зин ба охир расониданӣ шуд — дар дашт ва ҷангалзорон дуру дароз пои пиёда гаштан ӯро ниҳоят хаста карда буд. Фақат гоҳ-гоҳ ӯ ба замин назар меафканд ва ин корро на барои он мекард, ки изи наҳли шикастаро гум накарда бошад, балки ба умеде ки ягон чизи нав фаҳмад.
Замини дашт гоҳ ҷо-ҷо чунон сахт буд, ки дар он из намонда буд. Одами бетаҷриба фикр карданаш мумкин буд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор