Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хурсандибахши банҷо, ки одатан бегоҳирӯзиҳо дар поселкаи зангиҳо шунида мешуд, ба гӯш намерасид.

Хомӯшии азиятбахше, ки дар «хонаи калон» ҳукмфармо буд, ба рӯҳияи ғуломон бетаъсир намемонд.

Қариби нисфишабӣ овозҳои одамон хомӯш гардиданд ва сукунати шабро фақат гоҳ-гоҳ аккоси сагон халалдор мекард, ки ба уллоскашии дури койотҳо ҷавоб буд.

Рӯзона Зеб хеле хаста шуда буд ва ӯро хоб зер мекард. Як маротиба, вақте ки тамоман пинакаш бурд, ноилоҷ аз ҷо хесту дасту по ёзонд; баъд аз нав дароз кашид ва сарашро ба зери бутта руст карда, чубук даргиронд.

Шаби дароз ӯ аз дарвозаи асиенда чашм наканд, аммо он, чи тавре ки дар равшании моҳтоб медид, ягон маротиба кушода нашуд.

Шафақи субҳ ғуруб барин, шикорчиро маҷбур сохт, ки аз нав дидбонгоҳҳоро иваз кунад.

Баробари дар шарқ аргувонӣ гардидани осмон Зеб оҳиста аз ҷой хест, кампалро ба сар кашид ва пушт ба Каса-дель-Корво гардонида, бо ҳамон роҳе ки бегоҳӣ ба ин ҷо омада буд, оҳиста-оҳиста дур шуд.

Боз ҳам гоҳ оҳиста-оҳиста, гоҳ шитобон мерафт ва сари ҳар чанд вақт истода ба ақиб назар меандохт.

Оқибат Зеб ба назди акоқияе, ки дар зераш шом хӯрда буд, расид. Дирӯза барин дар он ҷо нишаст ва ба таҳтул сар кард.

Нисфи дуюми нон ва боқимондаи гӯшт зуд зери бинӣ шуданд. Аз паси онҳо вискии обдонро дам кашид.

Зеб чубукро бо тамоку пур карда онро даргиронданӣ буд, вале якбора чақмоқсанг ва чақмокро ба халтача андохт.

Дар дудҷарои тунуки кабиду субҳгоҳӣ дар девори хокистарранги Каса-дель-Корво нуктаи сиёҳе пайдо шуд — дарвозаро кушода буданд.

Қариб ҳамон дақиқа аз он саворае бар аспи на чандон калони булул баромад ва дарвоза аз нав аз паси ӯ пӯшида шуд.

Ин моии шодибахшандаи Зеб набуд. Ӯ фақат донистанӣ буд, ки мусофири саҳархез ба кадом тараф меравад. Ин кор бист сония ҳам талаб накард. Сари асп ва рӯи савора ба тарафи ӯ гардонида шуда буданд.

Вай барои синча намуда шинохтани савора ва аспаш вақт

1 Банҷо — асбоби мусиқие, ки зангиҳои Америка бо мизроб менавозанд.

пешина
аз 509
навбатӣ