Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сарф накард. Ӯ ҳамон саворае буд, ки дирӯз бегоҳӣ аз ҳамин ҷой гузашта рафта буд — Зеб ба ин шубҳа надошт; ӯ ҳамчунон боварӣ дошт, ки савора боз аз ҳамин ҷо гузашта меравад.

Зеб ба сӯи модниёни пираш шитофт, зуд ӯро зин кард ва ба паттазор ба ҷое бурда монд, ки номаълум истода назорат кардан мумкин буд.

Шикорчии пир руст шуда, мунтазири наздикшавии савори аспи хокистарранг шуд — Зеб медонист, ки вай Кассий Колхаун мебошад.

Ва то дами минтақаи паттазорро гузашта дар дашт ғоиб гардидани ӯ ҳамоно дар ҷояш меистод. Даштро равнашии туманолуд печонида гирифта буд.

Фақат пас аз ин Зеб Стумп часпида ба зин савор шуд ва бо корде, ки онро ба ҷои маҳмез кор мефармуд, аспро хала карда, чорхез тозонд.

Зеб ба дунболи Кассий Колхауни асп ронда, ҳеҷ ӯро аз чашм дур карданӣ набуд.

Чаро? Алафи киравпӯш барои пайшиноси куҳансол саҳфаи тоза ва изи мустанги хокистарранг мисли ҳарфҳои китоби таълифшуда хоно буд.

Ва ҳангоме, ки аспи вай лукка ё ҳатто чорхез метохт, ӯ ин сатрҳоро бо осонӣ мехонд.

БОБИ LXXXI

ҚАЛЛАПО

Кассий Колхаун аз дарвозаи Каса-дель Корво ба дашт баромада гумон набурд, ки ба ғайр аз Плутон, ки мустанги булӯлро бароиш зин карда буд, ягон кас ӯро дида бошад.

Ӯ ягон чиз гумон набурд ва аз наздики ҳамон ҷое, ки Зеб Стумп дар байни буттаҳо руст шуда буд, гузашта рафт. Капитан гумон мекард, ки дар чунин ҳавои хира ӯро ҳеҷ кас намебинад.

Колхаун аз паттазорон баромада, ба соҳилҳои Нуэсес равон шуд, аспи ӯ лукка ва баъзан чорхез медавид.

Дар масофаи ҳашт миль ҳар чӣ ки дар гирду атроф рӯй
медод, ӯ кам марок зоҳир мекард. Гӯё нигоҳи тасодуфие, ки
ба дур ва фақат ба пеш меафканд, ӯро қаноат мекунонд. Ӯ
на ба рост менигарист, на ба чап; ва фақат як маротиба гашта

пешина
аз 509
навбатӣ