Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ва дар ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб набуд: манзарае, ки ӯ дид, диловартарин касро ба изтироб меандохт.
Курси офтоб бар болои уфуқ айнан аз қафои савора баланд гардид. Дар рӯ ба рӯи вай хати тумании кабӯдча — бухоре, ки аз паттазорони ӯ аллакай наздик шуда истода бармехест, паҳн гардида буд. Дарахтон бо пардаи нафиси нофармон пӯшида шуда буданд, ки канори болоии ин парда бо кабудин осмон омехта мешуд.
Дар фони ин парда ё дар паси вай қиёфаи дарҳакати ба андозаи аҷиб пайдо шуд, ки агар Колҳаун ӯро пештар надида бошад, ба назараш тамоман ғайриҳақиқӣ менамуд. Ин савораи бесар буд.
Вале то ҳол на Колҳаун ва на ягон каси дигар ӯро ба ин сурат надида буд! Акнун шамоили савора тамоман дигар хел буд. Тарҳаш ҳамон хел, вале аз пештара дида даҳ маротиба калонтар шуда буд.
Акнун ӯ одам не, балки кӯҳпайкаре ва аспаш аспе не, балки ҳайвоне буд, ки суроби аспро дошт, вале баландиаш тахмин манораро мемонист — мастодонт1 барин азим буд.
Ҳоло ҳамааш ин не. Дар қиёфаи вай дигаргунии басе калон, боз ҳам даҳшатзадакунанда рӯй дода буд. Ӯ акнун ба замин не, осмоноқӣ мегашт; ҳам асп, ҳам одам каллапо роҳ мерафтанд. Сумҳои асп дар канори болоии парда барҷаста намудор буданд, ки қитфони савора бошанд (қариб буд ки сар гӯям) қариб ба хати уфуқ мерасиданд. Серапе, ки ба қитфонаш партофта шуда буд, нисбат ба қиёфаи каллапо, вале бар хилофи қонуни ҷозиба дуруст овезон буд. Ин ҳамчунон ба лаҷом, ҳам ба ёл, ҳам ба думи дарози асп дахл дошт.
Дар аввал ин тимсоли бадҳайбат, аз ҳарвақта дида бештар хаёлӣ, оҳиста-оҳиста, шитоб накарда роҳ мепаймуд. Колҳаун аз даҳшат карахт шуда ба ӯ менигарист.
Ва якбора тағйироти ногаҳоние рӯй дод. Тарҳи савораи бадҳайбат филфавр паҳн шуд; асп нохост баргашт ва агарчи сумҳояш ҳамоно ба осмон мерасиданд, лук-луккунон ба самти муқобил тохт.
Шабах ҳаросид ва гурехта ҷонашро раҳонд!
Агар мустанги булӯлии Колҳаун намебуд, ӯ аз тарсу ҳарос шаҳу карахт аз ҷой намеҷунбид ва мемонд, ки ӯ гурехта равад;
1 Мастодонт — ҳайвони филмонанд, ки ҷинсаш дар рӯи замин намондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор