Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ақиб нигоҳ кард — ин ҳам пас аз он ки як масофаи муайяни аз канори паттазор дур рафт.

Ӯ он чиро ки ҳамеша таваҷҷӯҳашро ҷалб мекард, ҳанӯз надида буд.

Чӣ будани инро фақат ӯ ва боз як каси дигар — Зеб Стумп медонист.

Колхаун ҳатто гумон намекард, ки касе аз мақсади сафари бармаҳали вай пай бурда истодааст.

Агарчӣ шикорчии пир фақат ба гумону тахмини худ асос мекард, чунон дилпур буд, ки гӯё капитани мустаъфӣ бовар карда сирру асрори худро ба ӯ гуфта буд. Ӯ медонист, ки Колхаун ба ҷустуҷӯи савораи бесар равон шуда, умед кардааст, ки ин дафъа вайро дарёфт карда метавонад.

Сарфи назар аз он ки мустанги хокистарранг аз гавазни Техас тезтар тохта метавонист, Колхаун чандон ба барори кори худ боварӣ надошт. Басе эҳтимол мерафт, ки ӯ имрӯз ба сайди худ дучор намеояд; гумон буд, ки кораш барор кунад; ӯ роҳравон дар ҳамин бора фикр мекард.

Чунин номуайяний ӯро ба ташвиш меандохт; вале воқеаи рӯзҳои охирро ба хотир оварда, умедашро намеканд.

Манзиле буд, ки ӯ шахси ҷустуҷӯ мекардагӣнашро аллакай ду маротиба дар он ҷо вохӯрда буд. Шояд, боз як бори дигар кораш омад кунад...

Ин марғзори сабзе буд дар канори паттазор, дуртар аз ибтидои борикраҳа, ки дар он ҷо, чи тавре тахмин мекарданд, куштор рӯй дода буд.

«Аҷиб, ки вай гашта-гашта ҳама вақт ба он ҷо бармегардад!» — аз фикр гузаронид Колхаун.— Хеле аҷиб! Гӯё медонад ки... Сафсата! Алафи он ҷо тару тоза ва об наздик. Умедворам, ки имрӯз ҳам майли он ҷо кардааст ва имконият шаваду ӯро дарёбам. Агар муроде ҳосил нашавад, дар он сурат дар паттазорон ӯро кофтанам дуруст меояд, ин бошад ҳатто рӯзона ҳам боиси дилхушӣ нест. Ба ёд биёрам, мӯи баданам мехезад! Модоме, ки мустангер дар ҳабс аст, рости гап, чаро тарсам? Чӣ хел далел ҳаст? Фақат як порча кӯрғошим. Ҳатто агар аспро тозонда ҳалок кунам ҳам, онро аз баданаш бароварда мегирам!»

— Ё қудрати парвардигор! Чист дар он ҷо?

Колхаун суханони охиринро бо овози баланд гуфта, лаҷоми аспро чунон сахт кашид, ки мустанг қариб чароғпоя шуда буд ва бо чашмони пурдаҳшат, ки гӯё аз косахонаашон баромаданӣ буданд, ба дур назар андохт.

пешина
аз 509
навбатӣ