Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бар сар ҳамоно кулоҳ мустаҳкам меистод, лапари гирд ва сахти он намегузошт, ки сар ҳолати устуворро гирад. Чеҳраи рангпарида, хунолуд ва учҷакаш рост ба Колхаун менигарист; чашмонаш кушода, вале мисли ин ки шишагин бошанд, хира ва бехис буданд. Дандонҳои сафед дар байни лабони кабудгаштааш, ки гӯё табассуми фориғболона дар онҳо шах шуда буд, медурахшиданд.
Ана он чи ки Кассий Колхаун дид.
Ӯ ба сар нигариста аз тарс меларзид. Вале на аз он ки дар назди ҳодисаи фавқуттабиаи даркнашаванда даступо хӯрд, балки чи будани гапро нағз медонист.
Ӯ дар назди ин сари сокиту хомӯш, вале гувоҳи бисёр ҳаводисот бисёр наистод. Пеш аз он ки дар рӯи алафи нарм аз алвонҷ хӯрдан бимонад, Колхаун сари аспро гардонд ва маҳмезҳоро ба паҳлуҳои асп фурӯ нишонда, девонавор аспро чорнаъл давонд.
Ӯ савораи бесарро, ки дар он наздикӣ аз байни буттаҳо мегузашт, таъқиб накард. Колхаун ба қафо, ба сӯи дашт гашта ба Каса-дель-Корво асп медавонд.

Боби LXXXII

ЗУҒЧАИ АҶИБ

Шикорчии пир аз паттазор баромад, шитоб накарда ба изи капитан равон шуд, гӯё вай як рӯзи дароз дар ихтиёри худ дошт ва ҳоҷати шитобданаш набуд.
Аммо ба чеҳраи вай бодиққат нигариста, дар он бесабрӣ ва ҳаяҷонро хондан мумкин буд; ӯ дар рӯи зини роҳат нишаста, дам ба дам зеҳн монда ба дур менигарист.
Зеб ба изи Колхаун қариб аҳамият намедод: то ки онро гум накунад, як нигоҳи рӯякӣ кифоя буд. Ба ин из-хӯди асп ҳам рафта метавонист.
Аммо возеҳ будани из боиси таъхир кардани шикорчии пир намегардид, — баръакс, ӯ кӯшиш мекард, ки Колхаунро аз назар гум накунад. Вале дар ин сурат Колхаун ҳам ӯро дида метавонист, ин бошад ба Зеб халал мерасонид, ки ба мақсади худ ноил гардад.
Ин мақсад аз ҳама муҳимтар буд, дар бораи кору рафтори Колхаун бошад онҳоро Надида — аз рӯи изҳо фаҳмида метавонист.

пешина
аз 509
навбатӣ