Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Зеб як дақиқа аз роҳ наистода оҳиста-оҳиста ва эҳтиёткорона пеш ҳаракат мекард ва оқибат ба ҳамон ҷое расид, ки Колҳаун саробро дида буд.

Дуди милтик аллакай пароканда шуда, сароб ғоиб гардида буд ва гӯшаи кабуди осмон ба дашти сабз мерасид.

Вале он чи ки Зеб дид, дучанд таваҷҷӯҳашро ҷалб кард: ду қатор изи сум намудор буд ва дуюм аспи нави Колҳаун гузашта рафта буд — Зеб изи вайро ӯлҷак кард.

Пай бурдан душвор набуд, ки кадом асп якум рафтааст. Ӯ мисли изи модиёни худаш изи ӯро нағз мешинохт.

— Пас, ин нобакор ба ҳар ҳол ӯро кофта ёфтааст, — гуфт Зеб ба изҳо бо диққат зеҳн монда. — Вале ин ҳоло чунин маъние надорад, ки ӯро дастгир кардааст, — андешамандона ба гапаш давом намуд ӯ — бо вуҷуди он, ки медонад? Мустанг дар зери вай изи мустанг буданашро дида, ӯро ба худ наздик гузоштааст; агар ин ҳамин тавр бошад... агар ин ҳамин тавр бошад... вале чаро ман дар ин ҷо истодаам? Ҳозир вақти дар як ҷо кӯфта истодан нест! Агар Колҳаун ӯро дарёфт карда, муродаш ҳосил шуда бошад, дар он сурат ёбу гир, аз дасти ман дигар ҳеҷ кор намеояд. Шитоб кардан лозим! Рафтем, кампирчаи ман! Илоҷе намуда, ҳамон аспи хокистаррангеро, ки ним соат пеш аз ин ҷо гузашта рафтааст, дарёфт кун. Нишон деҳ, ки дар тездавӣ аз вай ҳеҷ мондани надорӣ!

Вале шикорчӣ кордро ба кор набурд, балки бо ягона маҳмезаш ба паҳлӯи модиён зад ва асп аромона ба лукка даромад. Ҳоло аз вай суръати зиёд талаб карда намешуд. Зеб пештара барин эҳтиёткорона роҳ мепаймуд ва ҳушёрона ба пеш менигарист.

— Назар ба самти равиши из, — худ ба худ муҳокима меронд шикорчии пир, — аз куҷо баромадани онро ман басе аниқ муайян карда метавонам. Гӯё ҳаман роҳҳо дар он ҷо ба ҳам мепайванданд; он бечорае, ки қисматаш гашта омадан набудааст, ба ҳамон ҷо рафта буд. Хайр чӣ! Агар илоҷи зинда кардани ӯ нибоҳад, қасосашро аз он нобакоре, ки таноби умрашро буридааст, гирифтан лозим. Ба баъзе касоне ки ҳанӯз дар ин бора гумонбар намешаванд, — ба худи вай... Ист! Ана худаш! Ана бесар ҳам! Босуръат асп меронанд. Бало задад, аспи булӯл дарёфт карда истодааст! Онҳо ба ин сӯ намеоянд — руст шудани ману ту лозим не. Вале ба ҳар ҳол ором бош! Ҳозир вақти ҷунбидан не, небошад ӯ моро мебинад. Диданаш гумон, зеро ӯ хеле саргарми дарёфт кардани савораи бесар мебошад ва ба ғайр аз чизҳои пеши назараш будагӣ ҳеҷ

пешина
аз 509
навбатӣ