Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

чизро намебинад... Хӯш... Ман ҳаминро нигарон будам — рост ба борикраҳа баромад. Хӯш, аспаки ман, рафтем!

Зеб аз борикраҳа чашм наканда, ба беша наздик шуд.

Сарфи назар аз он ки ҳар ду савора кайҳо дар ҳамгашт паноҳ шуда буданд, шикорчӣ аз миёнҷон борикраҳа не, балки аз миёни буттаҳо рафт, ки онро бахя кашида буданд.

Ӯ тавре мерафт, ки роҳро дар як масофаи муайяни пеш бубинад ва дар айни замон ҳамон хеле ки агар ягон кас аз рӯ ба рӯ омада монад, ӯ ва модиёнаш ба чашм наафтад.

Рости гап, ӯ дар ин ҷо ҳеҷ касро дучор омаданӣ набуд ва хусусан шахсеро, ки ба зудӣ дид.

Зеб садои тирро шунида дар тааҷҷуб намонд — аз ҳамон дақиқае, ки дунболгириро дида буд, онро интизор дошт. Вақте ки садои карсаси тир баланд гардид, шикорчӣ овози милтики шикориро фаҳмид ва ба вай маълум буд, ки ин милтик ба кӣ тааллуқ дорад.

Аммо вақте ки соҳиби милтик панҷ дақиқа аз холӣ кардани тир нагузашта аз ҳамгашт баромада монд, шикорчии пир ҳайрон шуд; гӯё аз хатаре ҷон ба саломат мебурда бошад, ӯ босуръат асп меронд.

— Ин қадар зуд баргашт, — Колхаунро дида ғур-ғур кард Зеб.— Аҷиб... Ягон воқеа рӯй дод, ҳе-ҳе! Ӯ чунон гурехта истодааст, ки гӯё ӯро бало дунбол мекарда бошад! Шояд, акнун сарбурида ӯро дунболгирӣ мекунад? Ҳар кас аз кирдораш меёбад. Ҳамин тавр будагӣ барин. Ман як доллари нукраро ҳайф надониста медодам, ки ба ин манзара тамошо кунам. Ҳа-ҳа-ҳа!

Ҳанӯз савораро надида пеш шикорчӣ аз зин фуромада модиёнро дуртар ба миёни паттазор бурд, то савораи ҷонишро гирифта гурехта истода, ки мебоист ба зудӣ аз он наздикӣ мегузашт, онҳоро набинад.

Вале ӯ чунон бо тарсу ҳарос тохта гузашт, ки агар Зеб ҳатто дар миёнҷон борикраҳа меистод, гумон буд ӯро бубинад.

«Иосафат! — вақте ки чеҳраи аз даҳшат зиштгаштаи Колхаунро дид, фикран ба дил хитоб намуд шикорчӣ.— Агар бало аз пасаш натохта истода бошад, пас дар вучудаш ҷой гирифтааст. То ҳол дар умрам чунин чеҳраи бадвоҳимаро надида будам. Рӯзи занаш сиёҳ! Бечора мисс Пойиндекстер! Шояд, ӯ илоҷе сохта гардан тобаду ба ин хел нобакор ба шавҳар набарояд... Ба ҳар ҳол чӣ гап шуд? Гӯё ҳеҷ кас ӯро дунболгирӣ намекунад, ӯ бошад ҳамоно якзайл мегурезад. Бо ин шаст акнун ба куҷо мерафта бошад? Пойдан лозим».

пешина
аз 509
навбатӣ