Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунин шитобу аҷала, ки онро дар ҳар як ҷои дигар ғайримуқаррарӣ мешумурданд, дар Техас ҳодисаи аз ҳама муқаррарӣ буд, ки аксар вақтҳо ҳамон рӯзи ҷиноят содиршудагӣ котилро суд карда меовезанд.

Душмани бешумори мустангер бо кадом як мулоҳизаҳо талаб мекарданд, ки рӯзи суд ҳар чӣ тезтар таъин карда шавад; дӯстонаш, ки хеле кам буданд, барои мондани он далелҳои басе асоснок пешниҳод карда наметавонистанд.

Аксарияти бошандагони посёлка талаб менамуданд, ки ҷинояткор фавран суд карда шавад ва суханони мисли ин дунёи куҳани қадимаро такрор мекарданд: «Хуни мақтул қасос металаб».

Вазъияти ногаҳоние ба тарафдорони суди таъхирнопазир ёрдам кард: сарсудяи округ он рӯзҳо округро давр мезад ва ҳамин ҳафта ба қалъаи Инҷ омаданӣ буд.

Ана барои ҳамин ҳам кори Морис Чералд, монандӣ ҳар як кори одамкушӣ бояд дар рӯзҳои наздиктарин дида баромада мешуд. Азбаски ҳеҷ кас муқобилат накард, ҳеҷ кас ҳам дарозкунии муҳлатро талаб нанамуд. Суд рӯзи понздаҳуми моҳи ҷорӣ таъин карда шуда буд.

Ҷинояткор ҳуқуқ дошт ҳимоякунанда талаб намояд, вале дар посёлка ҳимоякунанда набуд; дар ин вилоятҳои сарҳадӣ ҳимоякунандаҳо одатан ҳамроҳи раиси судҳо мегарданд, раиси суд бошад ҳанӯз наомада буд. Аммо барои мудофиа кардани мустангер ҳимоякунандаи номие аз Сан-Антонио ба посёлка омада буд. Вай гуфт, ки бо ташаббуси худ ба ин ҷо омадааст.

Ин камоли бомурувватӣ мебуд, ё шояд, ӯ мехост, ки пеш аз интихоботи конгресс шуҳрат ба даст дарорад, агарчӣ дар байни мардум миш-миш буд, ки зари сурхи аз дастони зебо гирифта ӯро ба омадан водор кардааст.

«Борон ба боридан ки сар кард, аз сатил рехтагӣ барин меборад». Ин зарбулмасал, ки обу ҳавои Техасро дуруст муайян мекунад, ин дафъа нисбат ба юристҳо ҳам дуруст баромад.

Дар арафаи саршавии суд ба қалъаи Инҷ боз як юрист омада гуфт, ки ӯ ҳам гунаҳкорро ҳимоя мекунад.

Назар ба ҳимоякунандаи аз Сан-Антонио омада, ӯ роҳи боз ҳам дуру дарозе тай карда буд, — ӯ аз пойтахти Ирландия баромада, уқёнуси Атлантикро гузашта омада мехост шахсеро бубинад, ки ба котилӣ гунаҳгораш кардаанд.

Рости гап, ҳимоякунанда аз Дублин омада аз воқеаи охирини бехабар буд — ӯ бо дигар масъала ба назди мустангер омада буд. Вай дар меҳмонхонаи Обердофер фуромада вақте ки

пешина
аз 509
навбатӣ