Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ҳабс будани Морис Чералдро фаҳмид, хеле дар ҳайрат монд. Бо кадом кор айбдор шудани ӯро фаҳмида, боз ҳам бештар дар тааҷҷуб монд.
— Чӣ тавр! Насли Чералдҳо ба қотилий айбдор карда мешавад? Молики кӯшки Баллоҳ ва боғи зебои он! Ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бо худ овардаам! Маро ба назди ӯ баред! — талаб кард ӯ.
Агарчи Обердофер мусофири нави худро ба девонагӣ гумонбар шуда бошад ҳам, ба ҳар ҳол хизматгорро фиристод, ки ӯро то гауптвахта барад.
Агар юристи ирландӣ девона бошад ҳам, дар ҷунуни вай тартиб буд. Ба вай на фақат ҷавоби рад дода бо маҳбус мулоқот кардан намонданд, балки иҷозат доданд, ки ҳар вақт хоҳад, омада ӯро хабар гирад.
Ӯ баъзе ҳуҷҷатҳои худро ба майор нишон дода ба ин ҳуқуқ соҳиб шуд ва инчунин онҳо ба вай ёрдам карданд, ки бо ҳимоякунандаи аз Сан-Антонио омада муносибатҳои дӯстӣ барқарор кунад.
Дар чунин лаҳзаи пуршиддат омадани юристи ирландӣ дар қалъа, дар посёлка ва дар плантацияҳои гирду атроф боиси як қатор овозаҳо шуд. Дар бари Обердофер ҳар гуна тахминҳо мекарданд, зеро маълумотҳои аз соҳиби меҳмонхона гирифта шуда, фақат завқу завқро ба меҳмони ирландӣ боз бештар мегардониданд.
Аммо қонуншиноси аз он тарафи уқёнус омада ба анъанаҳои касби худ содиқ монд. Ба ҷуз хатоии хурдакаке дар боло тасвиргардида, ки ӯ аз тааҷҷуб суханони беҷо гуфта, баъд мисли устрица дар вақти ҷазр гӯшанишин шуд.
Воқеан ӯ барои гуфтугӯи бекора вақт надошт. Вай айнан дар арафаи суд расида омада буд ва соатҳои башумуре, ки дар ихтиёри ӯ буданд, ё дар ҳабсхона бо маҳбусон мегузаронид ё дар танҳоӣ бо юристи аз Сан-Антонио омада сӯҳбат мекард. Мардум овоза карда буд, ки Морис Чералд ба онҳо ким-чӣ гуна воқеаи ваҳшатнокеро нақл кардааст. Вале тафсили онро ҳеҷ кас намедонист ва ҳама дар оташи кунчковӣ месӯхтанд.
Ин воқеа танҳо ба як кас — шикорчӣ Зеб Стумп маълум буд ва ӯ ҳамаашро тасдиқ карда метавонист.
Шояд, онро боз як шахси дигар медонист, агарчи на гунаҳкор, на мудофикунандагон ба вай ҳеҷ чиз нагуфта буданд.
Зеб ҳам дар шиштухези онҳо иштирок намекард. Ӯ бо онҳо фақат як маротиба сӯҳбат карда буд. Пас аз ин шикорчӣ ғайб зад ва дигар ҳеҷ кас ӯро на дар назди гауптвахта дид, на дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор