Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
посёлка. Ҳама фикр мекарданд, ки Зеб Стумп ҳарвақта барин ба шикор рафтааст.
Вале ҳама саҳв мекарданд. Ин дафъа Зеб на аз баҳри сайд дашту бешазоронро тай мекард — ӯ ба шикори савораи бесар баромада буд.
Боби LXXXIV
ХОҲАРЗОДАИ МЕҲРУБОН
«Шукри худо фардо ӯро суд мекунанд! Гумон аст, ки дар ин байни ягон кас он аспи лаънатиро дастгир карда тавонад! Умедворам, ки ҳеҷ гоҳ ӯро намеқапанд. Дигар ҳеҷ тарсиданам лозим нест. Дошта ки натавонистанд, чӣ воқеа шуданашро намефаҳманд. Агар худам ягон чӣ донам, бигузор маро ба дор кашанд! Фақат медонам... Аҷиб, ин чатоккори ирландӣ аз кадом гӯру лаҳад пайдо шуд! Ана вай аз Сан-Антонио омадаги-аш? Кӣ ӯро чеғ зада бошад ва барои чӣ? Ягон кас ба вай ҳақ медодагист! Воқеан, чӣ фарқ дорад! Аздусар ман наметарсам! Чӣ хел ҳила ки накунанд, ба ғайр аз Чералд дигар аз ҳеҷ кас гумонбар шудан мумкин нест. Ҳама далелҳо ба муқобили вай-ид; ҳама ба ин бовар мекунанд. Ва ӯро гунаҳгор нашумурда наметавонанд. Фақат фикри Зеб Стумп дигар хел. Ҳамеша ин рӯбоҳи пир даркору нодаркор ба ҳар ош қатиқ мешавад! Кайҳо соз наменамояд. Ба кадом гӯр рафта бошад? Мегӯянд ки ба шикор рафтааст. Аммо ҳозир вақти шикор не. Раваду агар ӯ аспро дунболгирӣ карда гашта бошад? Раваду ӯро дастгир кунад!.. Ман худам боз як маротибаи дигар имтиҳон карда медиҳам, вале акнун дер шуд. Фардо то бегоҳ ҳамааш ҳал мешавад. Агар баъд... Бало занад, ҳозир вақти ин фикрҳо не. Фақат ило-че кардан лозим, ки ҳозир ҳамааш тахт бошад. Баъд чӣ мешавад — аҳамият надорад. Вақте ки ӯро овехтанд, гумон аст, ки дигар гунаҳкоронро кофта гарданд. Ҳатто агар як чиз-ним чизи шубҳанок рӯи об баромада монад, онҳо кӯшиш менамоянд, ки онро писанда кунанд. Набошад хоҳу нохоҳ иқрор шуда-нашон лозим меояд, ки каси бегуноҳро овехтаанд... Аз аф-таш, бо мунтазамӣ-ён ҳама кор тахт. Ҳатто Сэм Мэнли дигар шубҳа намекунад. Вақте, ки ҳама гапи ҳамон шаб шу-нидагиамро нақл намудам, ӯ бовар кард. Ростӣ гап, шуни-дагиам аз нақл кардагиам дида камтар буд, вале барои аз ақл бегона шудан ҳамин ҳам кифоя. Хайр, ба гузашта салавот!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор