Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо, капитан Колхаун, шояд шӯхиро нағз бинед, вале ман гуфтаниям, ки зарифандешнатон ба ман маъқул не.

— Зарифандешӣ ба ин ҳеҷ дахл надорад... Ман тамоман ҷиддӣ мегӯям. Фардо суд. Мистер Морис Чералд... ё боз дигар номи сабилмондааш чӣ буд... фардо ҳамчун котили додари ту суд карда мешавад.

— Ин дурӯғ! Морис Чералд...

— ...ҷиноят накардааст? Инро исбот намудан лозим. Ман боварӣ дорам, ки гуноҳи вай исбот карда мешавад. Ва ба муқобили ӯ далелҳои асоснокро аз забони ту хоҳем шунид ва ин вакилони даъворо комилан қаноат хоҳанд кунонд.

Креолдухтар ҳамчун ғизоли рамида чашмонашро калон кушода, ҳайрону гаранг ва бо изтироб ба аммабачааш менигарист.

Пеш аз он ки Луиза гап сар кунад, якчанд сония гузашт. Дар ҳолате, ки ӯро шакку шубҳа, гумони бад ва тарсу ҳарос фаро гирифта буд, чӣ гуфтанашро надониста хомӯш меистод.

— Ман гапи туро намефаҳмам...— оқибат гуфт ӯ.— Ту мегӯӣ, ки маро ба суд чег мезананд. Барои чӣ? Агарчи ман хоҳари касе ҳастам, ки... каси... вале ман ҳеҷ чиз намедонам ва ба он чӣ ки ба ҳама маълум аст, чизе илова карда наметавонам.

— Ҳамту! Не, ба ту аз будаш ҳам бештар маълум аст. Масалан, шаби куштор рӯи додагӣ ту дар боғи мо ба Чералд мулоқот таъин кардӣ. Ва дар вақти ин мулоқоти махфӣ чӣ воқеа рӯй дод, аз ту беҳтар дигар кас намедонад. Чӣ тавр Генри сухани ӯро бурид, чӣ тавр аз нанге, ки на фақат ба хоҳараш, балки ба аҳли оила мерасид, аз қаҳру ғазаб худдорӣ нанамуд, оқибат, чӣ тавр ӯ таҳдиди ҷони гунаҳкор кард ва чӣ тавр дар ин кор ба вай тарафгирии зане халал расонид, ки бо он нобакор ишқ изҳор мекард. Инчунин ба ҳеҷ кас маълум нест, ки баъд чӣ воқеа рӯй дод: Генри чӣ тавр аз беақлӣ аз паси он разил давид ва чаро ин корро кард. Шоҳиди ин воқеа танҳо ду кас буд.

— Ду кас? Киҳо?

Савол беихтиёр дода шуд ва бинобар ҳамин қариб оромона садо дод.

Ҷавоб боз ҳам хунсардтар буд:

— Якеаш Кассий Колхаун, дигараш — Луиза Поиндекстер буд.

Луиза як қад напарид. Ӯ ҳеҷ тааҷҷуб накард. Ҳар он чӣ ки аллакай гуфта шуд, ӯро ба ин тайёр карда буд. Ӯ фақат густоҳона гуфт:

— Хӯш?

пешина
аз 509
навбатӣ