Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ҳӯш,— Колҳаун, ки аз таъсир набахшидани суханонаш шасташ гашта дар ҳайрат монда буд, гапи ӯро аз даҳонаш гирифт,— акнун гапи маро фаҳмидӣ...
— Аз пештара зиёд не.
— Мехоҳӣ ки равшантар фаҳмонам?
— Майлат.
— Хуб шудааст. Фақат як имконият ҳаст, ки падаратро аз муфлисшавӣ раҳонаду туро аз шармандагӣ. Мефаҳмӣ ман дар хусуси чӣ мегӯям?
— Зоҳиран, мефаҳмам.
— Акнун ту таклифи маро рад намекунӣ?
— Рад намекарда бошам ҳам, акнун рад мекунам.
— Бигузор гуфтаи ту шавад. Пас, фардо... ва ин акнун суханони бекора не,— фардо ҳамин вақт ту ҳамчун шоҳид дар суд баромад мекунӣ?
— Ҷосуси разил! Аз пеши назарам дафъ шав! Худӣ ҳозир, ё худ падарамро чег мезанам!
— Ташвиш накаш. Агар ҳузури ман барои ту ногувор бошад, дигар туро заҳмат намедиҳам. Ҳамаашро дурустакак фикр кун. Шояд, то саршавии суд қароратро дигар кунӣ. Агар ҳамин тавр бошад, умедворам сари вақт маро огоҳ хоҳӣ кард. Шаб ба хайр, Лу! Ман рафта мехобаму фикрат ҳамеша дар дилам.
Колҳаун бо тамасхури қариб ҳамчунон барои худаш ва ҳамчунон барои Луиза талх аз ҳуҷра баромад. Киёфаи вай чандон пурнишот набуд.
То хомӯш гаштани садои пояш, Луиза гӯш карда истод.
Баъд ӯ беёварона ба курсӣи роҳат нишаст, фикрҳои пургурур ва бадҳашмонааш, ки то ҳол қуввати рӯҳу равонаш буданд, ба якборагӣ барҳам хӯрданд. Ӯ дасташро ба сари сина сахт фишурда, қалбашро ки тарсу ваҳми нав шиканҷа медод, ором кардани мешуд.
Боби LXXXVI
СУДИ ТЕХАС
Субҳи рӯзи оянда фаро мерасад. Шафақи гулгун, аз қаъри мавҷҳои уқёнуси Атлантик сар бадар карда, ба саваннаи Телас табассум менамояд.
Шуоъҳои лолагуни он теппаҳои реги халиҷи Мексикаро мебӯсанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор