Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дӯюмаш ҳам дар ҳамин ҷо будааст! Оҳ модархудои куддуса, аҳволи ман чӣ мешуда бошад? Оташ барин месӯзонанд!

— Мор? — хитоб намуд Стумп ва ба марди ирландии харосида наздик шуда, шамъро дар болои вай нигоҳ дошт.

— Ҳа, ҷои дандони мор! Не, чин занад, қасам мехӯрам, ки инро мор газидагӣ не! Аз мор газидагӣ ҳам бадтар!

— Аз мор газидагӣ ҳам бадтар? — ноумедона хитоб намуд Фелим. — Бадтар гуфтед, мистер Стумп? Ба фикратон ин хавфнок аст?

— Чӣ тавр гӯям... Ҳамааш ба он вобаста ки дар ин наздикӣ баъзе чиз ва онро ҳам ба зудӣ пайдо карда метавонам ё не. Агар пайдо карда натавонам, дар он сурат ман ҷавобгар нестам...

— Оҳ мистер Стумп, маро натарсонед!

— Чӣ шудааст? — дар сари синаи Фелим раҳи суп-сурхро, ки гӯё бо пилтакаши тасфон кашида бошанд, дида пурсид Морис. — Охир ин худаш чӣ? — Вақте дид, ки шикорчӣ ба доғи аҷиб бо ташвиш менигарад, бо изтироби афзуда истода такрорран пурсид ӯ. — Ман ба ин монанд чизро надидаам. Ин хавфнок аст?

— Хеле, мистер Чералд, — ҷавоб дод Стумп ва бо имову ишора мустангерро ба берун чег зада, барои он ки Фелим нашунавад пичирросзанон гуфт:

— Охир ин худаш чӣ? — бо ҳаяҷон такрор намуд Морис.

— Изи чилпои заҳрнок.

— Чилпои заҳрнок! Ӯро газидааст?

— Не, ба гумонам не. Аммо газиданаш ҳам шарт не. Аз рӯи пӯст хазида гузаштанаш кифоя — аз худи ҳаминӣ мурдан мумкин.

— Худоё! Ин ҳамин қадар хавфнок?

— Ҳа, мистер Чералд. Аз ҳамин хел роҳ чандин карат ба он дунё рехлат кардани одами сиҳатро дидаам. Ҳар чӣ тезтар ба ӯ ёрдам кардан лозим, набошад, таби сахт мекунад ва пас аз ин саги девона газидагӣ барин дар ақлаш ихтилол ба амал меояд. Аммо то илоҷи давояшро наёбам, бечораро тарсонидан лозим нест. Дар ин ҷойҳо растание ҳаст — дурусттараш як растании шифобахше ҳаст ва агар ман ба зудӣ онро пайдо кунам, он гоҳ табобати Фелим кори осон. Бадин кор, моҳ фурӯ рафтааст ва даст-даст карда кофтан дуруст меояд. Медонам, ки дар лаби ҷарӣ ин алаф бисёр. Рафта йигитро ором кунед, ман бинам, кани чӣ илоҷ кардан мумкин. Пас аз як дақиқа бармегардам...

Ин садои пичир-пичир дар берун ягон қадар ба Фелим таскин

пешина
аз 509
навбатӣ