Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Аммабачаи ӯ — афсари фидоии мустаъфӣ аз моҳути кабуди баланд сару либоси ҳарбӣ ба бар ва фуражкаи моҳутӣ ба сар дорад.
Дуртар аз онҳо боз як савори дигар асп тозонда меравад; ӯ ҳам сафедпӯст мебошад — рости гап, пӯсти ӯ чандон сафед нест. Тарҳи рӯи дагал ва безеб, сару либоси арзонбаҳояш, кам-чине ки дар дасти рост нигоҳ доштааст ва дам ба дам онро моҳирона қарсас мезанад, — ҳамааш аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки вай назоратчии сиёҳпӯстон, ситамгари онҳо мебошад.
Дар «карриола» — карераи сабуксайр, ки бо кабриолет1 ва ландо2 умумияте дорад, ду духтар нишастааст. Пӯсти яке аз онҳо барф барин сафед, пӯсти дигараш сип-сиёҳ аст. Ин духтари яккаву ягонаи Вудли Поиндекстер ва канизаки сиёҳпӯсти ӯ мебошад.
Мусофирон аз соҳилҳои дарёи Миссисипи, штати Луизиана меоянд.
Зодгоҳи худи плантатор ин штат нест; бо таъбири дигар — креол3 нест. Аз қиёфаи писараш ва хусусан аз тарҳи нозуку латифи духтараш, ки дам ба дам аз паси пардаи карета сар бароварда менигарад, бо осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки онҳо аҷдодони зани муҳоҷири фаронсавӣ, яке аз заноне мебошанд, ки онҳо зиёда аз сад сол пеш баҳри Атлантикро шино карда гузашта омадаанд.
Вудли Поиндекстер, соҳиби киштзорҳои калони найшакар, яке аз асилзодагони мутакаббири исрофкор ва меҳмоннавози Ҷануб буд. Охири охирон ӯ муфлис шуд ва ноилоҷ гардид, ки хонаю ҷояшро дар соҳили Миссисипи партофта, бо оила ва як қисми ками зангиҳои боқимондааш кӯчида ба даштҳои беодами ҷнубии ғарби Тексад биёяд.
Офтоб қариб ба қиём омада буд. Мусофирон сояҳои худро зер карда, оҳиста-оҳиста роҳ мепаймоянд. Саворагони сафедпӯст, ки аз гармои тоқатфарсо мадорашон намонда буд, дар хонаҳои зин хомӯш менишастанд. Ҳатто зангиён, ки ба гармо бештар тобоваранд, ёвагӯиро қатъ карда, тӯб-тӯб шуда, хомӯшона аз паси фургонҳо оҳиста-оҳиста роҳ мераванд.
Дар маросими дафн будагӣ барин хомӯшии тоқатфарсо мебо-
1 Кабриолет — аробаи дучархаи сабукгард.
2 Ландо — карераи чоркаса, ки болояш кушода мешавад.
3 Креолҳо — аҷдодони фаронсавиҳо ё худ испанҳо, ки аз ҳама пештар ба Америка муҳоҷир шуда омаданд. Онҳо забон ва урфу одатҳои миллии худро нигоҳ медоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё