Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
На аристократияи кӯҳнаи мамлакати мо не, зеро ин аристократия аз худ чунин макру ҳила зоҳир карда наметавонист, балки ба тобеияти олигархияи корчаллонҳои буржуазӣ афтид, ки дар мамлакат ба сари ҳукумат баромада гирифта буданд, — ва ба ин сӯиқасдчӯёни ашаддии муқобили ҳуқуқҳои халқ тобеъ гардида, принципи худро, ки бо овози баланд эълон карда буд, тағйир дод ва бо ин кораш бовариеро, ки тамоми миллатҳо ба ӯ нишон дода буданд, аз даст дод1.
Вақте ки Луиза Пойндекстер ғарқи фикру хаёл андешамандона ба курсии паҳлудори назди оина нишаста, ба хизматгори худ Флоринда фармуд, ки барои пазироии меҳмонон ба ӯ сару либос пӯшонад, мӯи сарашро шона кунад, тамоман дар фикри хаёли дигар буд.
Ин тахмин як соат пеш аз зиёфате буд, ки Пойндекстер ба муносибати кӯчида омаданаш медод. Сабаби баъзе ошӯфтагиҳое, ки дар рафтори креолдухтари ҷавон мушоҳида карда мешуд, оё ҳамин набуд? Аммо дар ин масъала Флоринда тахмину фарзи худро дошт, ки сӯҳбати ҳардуи онҳо гувоҳи ҳамин буд.
Агарчи дар гумон инро сӯҳбат номидан мумкин буд: Луиза фикри худро бо овози баланд мегуфт ва хизматгораш ҳамчун акси садо суханони ӯро такрор мекард. Креолдухтари ҷавон дар давоми тамоми умри худ ба канизаки худ чун ба ашё менигарист ва чунон ки аз курсӣ, миз, диван ва дигар мебели хона фикри худро пинҳон доштан мумкин набуд, аз ӯ низ фикри худро пиҳон намедошт. Фарқ фақат дар ҳамин буд, ки Флоринда вуҷуди зинда буд ва ба саволҳо ҷавоб дода метавонист.
Танҳо пас аз даҳ дақиқаи ба хона даромадан Флоринда доир ба ҳар гуна майда-чуйдаҳо беист гап мезад, вале иштироки худи Луиза ба гуфтугӯ аз ҳамин иборат буд, ки фақат баъзан ҳа ё не мегуфт.
— Оҳ мисс Луи, — мегуфт зангидухтар, милаҳои мӯи зебои бонуяшро бо ҳавас шона карда, — аҷаб мӯи ғалати доред! Ҳамчун ушнаи испанӣ, ки аз болои сарв овезон мешавад. Лекин ранги мӯи шумо дигар хел ва ҳамчун шираи қанд медурахшад.
Чӣ тавре ки қайд шуд, Луиза Пойндекстер креолдухтар буд.
- Англия аз як тараф ба муқобили ғуломфурӯшӣ мубориза мебурд, аз тарафи дигар аз ғуломдорони пахта харида, душманони барҳамхӯрии ғуломдориро дастгирӣ менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё