Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

рӯи катони беҷон нури сеҳрофаринеро, ки чашмонаш меафканданд, тасвир карда наметавонист. Тарҳи рӯи вай намунаи зебоӣ буд ва типи ҳусну ҷамоли занро, ки писандидаи Фидий ва Праксител буд, ба хотири кас меовард. Ва дар айни замон дар тамоми оромгоҳи Юнон ягон каси ба ӯ монанд нест, чунки чеҳраи вай мисли чеҳраи олиҳа не, балки чеҳраи зане буд, ки барои одамони оддӣ хеле ҳам дилработар буд.

Ба изҳороти пурваҷди Флоринда духтар танҳо бо хандаи хушҳолона, ки дар он шубҳа шунида намешуд, ҷавоб медод. Ҳусну ҷамолашро ба креолдухтари ҷавон хотиррасон кардан лозим набуд. Луиза медонист, ки ӯ париваш аст ва ба оинае, ки хизматгордухтар дар назди он мӯяшро шона карда, сару либос мепӯшонд, чандин маротиба бодиққат назар андохта буд. Тамаллуки зангидухтар аз навозишҳои кучакҷа бештар ба дили ӯ асар накард ва духтари плантатор аз нав ба фикр фурӯ рафт; аз ин ҳолат ӯро сергапи чӯридухтар баровард.

Флоринда аз ин хиҷолат накашид, ӯ хомӯш намегардид. Зоҳиран, духтархонаро кадом як сирри махфие азоб медод, ки вай мехост ба кадом ваҷҳ набошад, онро фаҳмида гирад.

— Аҳ, — гӯӣ худ ба худ гап мезада бошад, давом намуд ӯ, — агар Флоринда акаллан нисфи массаи ҷавон барин мебуд, ӯ ба ҳеҷ кас илтифот намекард, оҳ кашида дар ҳаққи ҳеҷ кас намесӯхт!

— Оҳ намекашид? — аз суханони вай дар тааҷҷуб монда такрор кард Луиза. — Бо ин гапат чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?

— Худоё, мисс Луи, Флоринда чандон кӯр ва чандон кар нест, ки шумо фикр мекунед! Ӯ кайҳо боз мебинад, ки шумо якзайл дар якҷо нишаста, дам намезанед ва фақат оҳи чуқур мекашед! Вақте ки мо дар Луизиана дар плантатсияи кӯҳна зиндагӣ мекардем, ин гап набуд.

— Флоринда, ман метарсам, ки ту аклатро хӯрда истодай, ин ки аллакай дар Луизиана хӯрда будӣ! Шояд, иқлими ин ҷо ба ту таъсири бад мерасонад?

— Ба виҷдонам қасам, мисс Луи, шумо дар ин бора бояд аз худатон пурсед. Хафа нашавед, ки ман бо шумо ин тавр бетакаллуф гап мезанам. Флоринда канизаки шумост ва шуморо ҳамчун хоҳари сиёҳпӯстатон дӯст медорад. Вақте ки шумо оҳ мекашед, ӯ ғам мехӯрад. Аз ҳамин рӯ вай бо шумо ҳамин тавр гап мезанад. Шумо аз ман хафа нестед?

— Албатта не. Чаро аз ту хафа мешудаам, духтарча? Ман хафа нашудаам, ман нагуфтам, ки хафа шудам. Ту саҳв мекунӣ! Ҳар чӣ ки дидӣ ва шунидӣ, — ин фақат хаёли хом мебошад.

пешина
аз 509
навбатӣ