Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 101 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 101 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Саргузашти дигареро?
-Бале.
-Аҷиб.
-Чияш аҷиб?
-Он чӣ ки шумо саргузашти хешро нею...
-На ҳар кас чун шумо саргузашти “рангине” дорад.
-Инаш рост, вале бовар намоед ман дар паҳлуи Усмон худро чун малика эҳсос менамудам.
-Аз он чӣ ки соҳибхона кинояи манро нафаҳмид ё фаҳмиду худро ба нодонӣ зад, каме дар шигифт шуда гуфтам: - Дар бораи Усмон на ҳама чун шумо андешаи нек доранд.
-Беҳуда нагуфтаанд, ки дар дунё инсони неки мутлақ ё бади мутлақ нест ва шояд бо ҳама ҳусну ҷамоли хеш Усмон дили нафареро шикаста бошад. Ман медонам, ки баъзе занҳо дар нисбати вай андешаи нек надоранд ва аз ҳамин лиҳоз бадгӯёни ў низ аз ҳамин ҳисобанд.
-Шояд номи нафареро аз он рўйхат ба мо мегуфтед?
-Барои тасдиқ намудани алибии банда ба ҷуз шумо боз адвокат Барзу Ёдгор ҳам Усмонро ҷустуҷў дошт ва дирўз бегоҳӣ мо дар қаҳвахонаи “Зарнисор “ вохӯрдем. То ҷое ки банда аз забони эшон фаҳмидам, ў бо Наргис ном духтаре аз наздик шинос будааст. Чун Наргис бо дигар кас фотеҳа шуда будааст, домодшаванда аз муносибати вай бо Усмон огоҳ гашта, фотеҳаро бекор намудааст...
-Ҳамааш ҳамин?
-Ҳамин.
-Оё адвокати муҳтарам нагуфт, ки Усмон Башир ба “хотири” шантаж шуда, бо духтараки фотеҳашуда дил додааст.
-Не, нагуфт.
-Маълум ки шуморо озор додан нахостааст.
-Шояд, вале ҳеҷ боварам намеояд, ки Усмон ба чунин кори паст даст зада бошад.
-Мутаасифона, чунин аст ва бо ин амалҳои нопоки хеш ў рақибони зиёде пайдо намуда.
-Бовар намекунам, мефаҳмед бовар намекунам.
-Ихтиёратон, - гӯён мо аз ҷойи бархестем...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан