-Шумо рафиқ майор, қалби бе ин ҳам моломоли дард будаи ҷавонзанро шикастед, - баробари аз ҳавлӣ баромадан гуфт Ҷомии Шариф.
-Баръакс, ман ба вай ёрӣ додам, ки аз ёди Усмон Башир дида руҳи поки шавҳарро ба ёд орад.
-Ё тавба, боз чунин ашхос худро мусулмон меҳисобанд, - андешаҳои хешро баён дошт Ҷомии Шариф.
-Моем дар ин гунбанди фирўзарухом, На кофири мутлақ ,на мусалмони тамом.
-Оё ў дар бораи ҳамон Наргисе сухан гуфт, ки имрўз ман ба ҷустуҷўяш рафта будам?
-Ном гадост.
-Чун то оғози вохӯрии бегоҳирўзӣ бо сарвари ШКД боз ду соат вақт буд, ҳангоми баромадан ба кӯчаи калон ману шогирд баҳри тановули шом вориди ошхонаи сари роҳ шудем...
-Оҳ чӣ рузҳои дарозанд рўзҳои моҳи охирини баҳор, - гуфт Ҷомии Шариф ва ҷисми хешро ба курсӣ гирифт...
...15...
-Акбар Ҳакимович, шумо боз як дақиқаи дигар тағофул намоед, - овоз рўшан намуда гуфт Воҳид Камол.
Ба ростӣ, чунин тарзи муомила ба ман чандон маъқул нест, вале чӣ илоҷ, ки роҳбар роҳбар аст. Ба фикрам чунин намуди муомила аз замони салтанати И.В.Сталин ҳамчун экспансия то ба даври мо низ омада расида ва акнун ҳама роҳбарон мехоҳанд, каме ҳам бошад ба нафаре, ки аз шунидани номаш олами сармоя меларзид, монанд бошанд.
Дар замоне, ки ҳайати афсарон аллакай дафтари кории сардорро тарк намуда буданд, ман маҷбур шудам дарро пӯшида, аз санҷаки он пас гардам...
Чун сардор ҳамагӣ як дақиқа тағофул намоед гуфта буд, ман ҳатто нияти ба курсӣ нишастан накарда, пушти мизи дарозрӯя рост истодам.
-Гузашта шинед, - амр намуд сардор ва ман дилу бедилон дубора дар давоми ин субҳ ба курсӣ нишаста гӯш ба қимор шудам.
-Ба гумонам, боз як маротиба ба ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ рафтанатон лозим.





