Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 106 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 106 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Айнан ҳамин хел.
-Гумон намекунам, ки тайи ин чанд рўзи охир дар ин бора далеле ба даст наоварда бошед?
-Ба таври ростхата дар бораи аз доираи қонун баромадани вай моро далеле дар даст нест.
-Ғайримустақим чӣ?
-Собит намудани гуноҳи шахсе, ки ғайримустақим дар қонуншиканӣ гумонбар дониста мешавад, осон нест ва боз дар ҳолатеки эшон бо зиндагӣ падруд гуфтааст, ин амал мушкилоти дучандро ба бор меоварад.
-Шояд шумо ба мо роҳи аз ин варта баромаданро мегуфтед?
-Аз куҷо гирифтед, ки банда он роҳро медонам?
-Аз ҳамон баҳси се рўз пеш доштаатон, магар шумо набудед, ки бегуноҳии Абубакри Ҳусейнро собит карданӣ шудед?
-Ман ҳамон субҳ гуфтам, шахсе, ки ба инсон бархӯрда ва баҳри наҷоти вай кӯшиш ба харҷ намедиҳад, ба гумон аст эҳтиёткориро аз даст диҳад, чунки вай нияти аз ҷазо гурехтанро пешаи хеш қарор додааст. Рафту агар Абубакри Ҳусейн нафареро пахш мекард, ў, албатта, дар гардиши якум самти ҳаракаташро тағйир дода ба қафо мерафт...
-Шояд ҳақ ба ҷониби шумо бошад.
-Модоме ки чунин аст, пас моро лозим меояд аз як гиребон сар бароварда, аз ду самт ҷустуҷўи ҷинояткоронро ҳадафи ягонаи хеш қарор диҳем.
-Роҳи дигареро намебинам.
-Аминам, ки агар дар рафти тафтишот бозёфте шуд, моро ҳам аз хотир намебароред.
-Албатта.
-Қувваи мушт дар муттаҳидии ангуштон аст, - гӯён ман аз ҷой бархоста бо муфаттиш муваққатан ҳам бошад, худоҳофизӣ намудам.
Дар пеши бино чашмам ба Барзу Ёдгор бархӯрд, вале чун адвокат ҳамроҳи нафаре сари суҳбат қарор дошт, салом дода, аз паҳлуи эшон гузашта рафтанӣ шудам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан