Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 105 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 105 аз 499 · 2 ноябри 2026

Рост гуфтанд, ки бадбахтӣ ҳам баъзан инсонҳоро ба иттифоқ меорад. Агар чунин набудӣ, ба гумон буд, ки Худоидод Замир (муфаттишро чунин ному насаб буд) баробари ба курсӣ нишастан бандаро бо қаҳва зиёфат намояд.
-Ҳамааш аз бад бадтар шуд, - риштаи суханро ба даст гирифта гуфт муфаттиш.
-Хайр, гуноҳи шумо чӣ, модоме вай худаш ҳодисаро ба душ гирифт.
-Ҳақ ба ҷониби шумост, рафиқ майор, вале афсӯс ман ҳамчун мутахассис нимкосаи зери косаро надидам. Инаш кам буд, ки ҳангоми ташхиси техникӣ автомашинаи тамғаи ВАЗ – 2105, ки се шабонарўз пеш аз содир шудани он ҳодиса мавриди ҷустуҷўӣ қарор гирифта буд, қатраҳои хун, ки аз рўйи гурўҳ ва резус ба хуни Усмон Башир мувофиқат мекард ва зарраҳои хурде, ки ҳангоми бархӯрдани автомашина аз либосҳои вай дар қисми пеши автомашина боқӣ монда будааст, дарёфтанд.
-Мошини мазурро кай ва аз куҷо дарёфтанд?
-Субҳи рўзи дигар баъди фалокати автомобилӣ аз наздикии дарёчаи Душанбе.
-Яъне куштор?
-Куштор, вале мо гуфта наметавонем, ки он қасдона аст ё аз беэҳтиётӣ рух дода.
-Гумон мекунам дар зинаи аввали тафтишот ин чандон муҳим нест.
-Пас муҳимтарин кор дар ин зина чист?
-Дастгир намудани онҳое, ки автомашинаро рабудаанд.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки калла бошад салла ҳам ёфт мешавад.
-Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест.
-Оё аз самте, ки шумо ҳаракат доред, то ба ҷинояткор баромадан имкон надорад?
-То кунун моро ҳам нӯги гиреҳе аз ин муаммо дар даст нест, аз ин рў чизе гуфта наметавонам.
-То ҷое дар вохӯрии аввала банда огоҳӣ ёфтам, гуфтед Усмон Баширро танҳо барои он ҷустуҷў доред, то алибии нафареро, ки дар марги шавҳар гумонбар шудааст инкор ва ё тасдиқ намояд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан