Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 309 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 309 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Аз рўйи овозаҳо мардум сабаби ҳодисаро ба зилзилаи ҳамонлаҳзаина пайвастан хостанд. Чун зилзила ба ҷуз ҳамон бино дигар дар ягон минтақаи атроф “нақши” хеш нагузошт, тафтишот барои чашмбандии мардуми ҷабрдида ду тан корманди ба қавле бе кафани ширкати сохтмониро дар истифодаи масолеҳи камсифат гунаҳкор намуда, аз ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони асосӣ чашм пӯшиданд. Дар асл бошад, бино аз тағйирот даровардан ба нақшаи лоиҳавӣ баъди анҷоми сохтмон ба зилзилаи чорбалла тоб наовард.
-Дар ин бора дар парвандаи таърихи беш аз сесоладошта ҳатто сухане нест.
-Ва намешавад.
-Чаро чунин андеша доред?
-Чунки баъди сӯхтор бастани об дар ҷўй фоида надорад.
-Равшантар гап занед.
-Сараввал биноро тариқи иппотека ҳамчун хонаи истиқоматӣ рост намуданд ва мардум манзилҳои хешро гирифтанд. Комил Қаҳҳор ном сокини бино бошад, ду манзили якҷоя гирифтаашро дар ошёнаи якум, ки яке ду ҳуҷрагӣ ва дигаре сеҳуҷрагӣ буд, бархилофи талаботҳои меъморӣ якҷоя намуда, ба супермаркети боҳашамат табдил дод. Соҳибхона ба ҷойи тиреза аз берун дар кушод ва сипас деворҳои мобайни ҳарду хонаро канда, саҳни супермаркетро то ҳадди охирон васеъ намуд. Бояд гуфт, ки супермаркет мизоҷони зиёд ва ҳамешагии хешро пайдо намуд ва нони соҳибашро равғанин кард. Аз доираи лоиҳаи сохтмон баромадани Комил Қаҳҳорро дида, мо чанд нафар аз сокинони бино ба идораи манзилӣ коммуналӣ муроҷиат намудем, вале ҳамааш бе натиҷа. Мансабдорон, баръакс, худи моро гунаҳкор карданӣ шуда, гуфтанд, ки иғвогар ҳастему ободиро намехоҳем. Беҳуда нагуфтанд, ки саворро чӣ парвои пиёда ва нафаре, ки ду ҳуҷраи истиқоматиро аз рўйи ҳавою ҳавас ба супермаркет табдил дода буд, дар он бино истиқомат намекард. Баъди шикояти мо вай ҳатто ба мо кушоду равшан гӯшрас намуд, ки беҳуда худро азоб надиҳем, чунки ин баробари бозӣ кардан бо думи шер аст... Чун мо ба шуъбаи меъморӣ шикоят намудем, қисми дигари сокинонро ба муқобиламон барангехтанд. Маҳз ҳамон ҳақу ҳамсояҳо моро ҳушдор сохтанд, ки аз зери нохун чирк накобем ва агар нияти дар чунин бино зиндагӣ кардан надорем, беҳтараш манзилҳои хешро фурӯхта равем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан