Моҳе пас яке аз ҳамон ҳамсояҳо харидореро пайдо кард ва ман манзили дуҳуҷрагии хешро бо нархи аз панҷ-чор ҳиссаи маблағи харидаам фурӯхта рафтам.
Соле пас бино фурў рафт ва онҳое, ки моро иғвогар номида буданд, боз муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифтанд. Маҳз аз бетарафии қисме аз сокинони бино гунаҳкорони асосӣ аз об хушк баромаданд, ба ҷуз бригадир ва устои сохтмон, ки фирефтаи бозиҳои пасипардагии дигарон гардида, гуноҳро пурра ба гардан гирифтанд, сипас овоза шуд, ки онҳо қисме аз материалҳои сохтмониро фурӯхтанд, вале номи нафаре, ки ба лоиҳаи сохтмон тағйироти ҷиддӣ ворид намуда буд, аз руӣхати гумонбаршудагон берун монд.
-Ҳоло вай дар куҷост?
-Кӣ?
-Соҳиби супермаркет.
-Соле пас аз он ҳодиса худашро овехт.
-Шояд ўро низ овехта бошанд?
-Ба гумон аст.
-Чаро?
-Чунки агар ў зинда мемонд, рўзе чандин нафарро аз қафояш ба зиндон мебурд.
-Яъне, асос барои аз ў раҳоӣ ёфтан будааст, пас чаро аз онҳо гумонбар нашуданд?
-Чунки касе дар ҳодисаи ба сари эшон омада даст надошт ва ў худро барои аз дасти қарздорон халос шудан овехт, вале ин қазияи дигар аст.
-Чӣ хел қазияи дигар?
-Қазияи фурўши замин, бояд гуфт, дар дунё кам нестанд нафароне, ки аз беандешагӣ худро ба марди ҳамакора табдил додаанд ва шиори ҳамешагиашон “ба як мард чил ҳунар кам” буд, ҳаст ва хоҳад монд, бехабар аз он ки барои иҷрои баъзе корҳо доштани дониши тахассуси ҳатмист. Комил Қаҳҳор шояд нафаре буд, ки агар ба ў аз як манзил ба манзили дигар интиқол додани ҳавопайморо мефармуданд, бе ягон дудилагӣ сари чанбараки он мурғи фӯлодин менишаст, бехабар аз он ки барои идоракунии ҳавопаймо донишу малакаи касбӣ зарур аст.





