Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 313 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 313 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Рафиқ полковник, гумон намекунам, нафаре, ки ба давлатҳои қитъаи Африқо сафар намудааст, чунин як маводеро, ки интиқолаш қочоқ эътироф шудааст, аз сарҳад гузаронад, - эътироз намуд муфаттиш.
-Акбар Ҳакимович, шумо дар ин бора, чӣ андеша доред?

  • пурсид сарвари милиса.
    -Тайи қариб чил сол аст, ки дар ҳамсоягии мо дар қисми ҷануби сарҳадамон нооромию бенизомӣ ҳукмфармост ва аз ин роҳ борҳо маводи мухаддир сарҳади кишварамонро убур намуда, ва аз эҳтимол дур нест, ки он заҳри ҳалоҳил низ аз ҳамин пайроҳа нагузашта бошад. Муҳим он аст, ки муроҷиати моро тариқи ВАО пахш намоянд, боқӣ об ба лаби ҷўй баробар хоҳад шуд...

...14...
Ҳодисаи дар кўчаи Айнӣ рухдода тариқи “Ахбори криминалӣ” ба эфир рафт. Ҳамаи инро шояд сабаб он шуд, ки сарвари гурўҳи тафтишотӣ Нӯшини Азиз роҳбарияти ҳарду мақомотро ҳушдор сохт, ки бе муроҷиат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ моро роҳи дигаре нест ва суханони муфаттиши прокуратура “бузро бо пойи худаш меовезанду гўсфандро бо пойи худаш”ин муште буд ба даҳони онҳое, ки намехостанд мардум аз ҷузъиёти пасипардагии фаъоляти раиси суди ноҳия Замир Собир огоҳӣ ёбанд. Албатта, офтобро бо доман пӯшонидан ғайриимкон аст ва дер ё зуд ҳама гуна рафтори пасипардагӣ ҳам рўйи об хоҳад баромад. Бубинед, ҳамагӣ се шаб пеш муфаттиш тавонист бо як тир ду нишон занад, сараввал ба вай муяссар шуд, роҳбарияти ду мақомотро бовар кунонад, ки ба умеди шиши нася шуда, аз дунбаи нақд намонанд ва дуюм ў собит намуд, ки амали ғайриқонунии афроди алоҳида наметавонад болои як мақомоти бузург соя афканад.
Ҳарчанд то кунун вокунише дар атрофи хабари мазкур садо надода буд, вале нигоҳи ҳайати гурўҳи тафтишотӣ ба намоиши дар эфир рафта некбинона буд, чунки дар давоми рўзҳои баъди ҳодиса ҳаво софу беғубор боқӣ монд ва борони охирин, ки бо шамол ҳамроҳ шудаву уллоси гургро ба ёд меовард, дар ёдҳо монду монд...Маҳз ҳамин ҳолат метавонист дар варақгардон намудани дафтари хотироти шаҳрвандон - хусусан онҳое, ки дар он лаҳзаҳои борони сахт дар кўчаи Айнӣ буданд, ёрӣ расонад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан