Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 312 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 312 аз 499 · 2 ноябри 2026

Аз содагии баъзе аз ҳамзабонони мо баъзе ашхоси худонотарс чунон истифода мебаранд, ки ҳатто шайтони алайҳилаъна дар наздашон кулоҳ аз сар мегирад, вагарна чӣ тавр метавон заминеро, ки монополияи давлат эътироф шудааст ва дар асоси қонун хариду фурӯши он қатъиян манъ карда шудааст, мавриди тиҷорат қарор диҳанд. Кор то ба ҷое расидааст, ки баъзе аз мансабдорон дар маҳал, тариқи ҳамин миёнравони бевиҷдон ва манқурт чун Комил Қаҳҳор як қитъаи замини хурдро бо нархи гӯшношунид ба се чор нафар корафтодагон фурўхтанд ва дар интиҳо ба хотири ифшо нашудани номи нафарони дар курсии мансаб буда гуноҳро ба душ гирифта, ба зиндон рафтанд ва ё ба худкушӣ даст заданд.
-Мирзои Ашӯр боз ба чанд суоли мо дар атрофи ҳодисаи таърихи сесоладошта посух гуфта, бо мо худоҳофизӣ намуд.
Расо соати 20. 00 мо ба назди сарвари милиса рафтем. Бо каме дермонӣ ҳам бошад ин бегоҳ муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз ҳам ба милиса омад ва мо муддате дар атрофи парвандае бо заҳри мори бумсланг гирд гаштем. Ба итиллои сарвари гурўҳи тафтишотӣ ҳамагуна ҷаҳду талошҳои имрўзаи Раҳмон Маҳмуд ҳангоми пурсиши Шуҳрат Аваз бе натиҷа анҷом ёфта. Шояд дар ҳақиқат морбоз гуноҳе ҳам надошт ва Раҳмон Маҳмуд тавонист қилро аз хамир ҷудо намуда сояро аз болои нафари бегуноҳе дур афканад. Пас агар ҳолати кор айнан чунин буд, метавон назди нафаре, ки баҳри собит намудани бегуноҳии нафари дигар хуни дил хӯрдаву майна об карда буд, кулоҳ аз сар гирифт. Дар акси ҳол ин пурсиши бе натиҷа анҷомёфта метавонист садои модареро, ки танўри тобдори синааш аз нон холӣ гардида, ва ба ҷойи суруди алла сари гаҳвораи холи лолоӣ мехонад, ба ёд биёрад.
Мо низ аз натиҷаи суҳбати хеш бо Мирзои Ашӯр аҳли нишастро огоҳ намудем.
-Мо дар алоҳидагӣ наметавонем дар ҳалли чунин як муаммои сарбаста гиреҳеро ба даст биёрем. Аз ҳамин лиҳоз, лозим мешавад, ки дар якҷоягӣ ҳама аз як гиребон сар барорем, - гуфт Воҳид Камол ва илова намуд, ки ҳамасола чӣ қадар ҳамдиёронамон ба мамлакатҳои дуру наздик сафар мекунанд ва хуб мешуд агар прокуратура дар доираи салоҳияти хеш тариқи идораҳои марбута ва Вазорати корҳои хориҷӣ рўйхати нафаронеро, ки ба кишварҳои Африқои Ҷанубӣ сафар доштанд, талаб карда мегирифт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан