Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 319 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 319 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳангоми гузаронидани ин намуди ҳаракати тафтишотӣ дар байни шоҳид ва гумонбаршуда ё шоҳид ва айбдоршаванда тағйирот ба нишондоди аввалаашон 50 дар 50 ё 60 дар 40 фоиз ва дар байни шоҳидон бошад 80 дар 20 ё 90 дар 10 фоизро ташкил медиҳад. Ин субҳ низ дар дафтари кории муфаттиш Нӯшини Азиз шоҳиди аввала Намоз Хаёл ва шоҳиди дирўза Саид Забир нишондодҳои қаблии хешро такрор намуданд.
Шоҳиди аввала боисрор такрор мекард, ки дар он рўзи боронӣ аз дохили автомашина бонуи қашанге фаромада, ба самти шимол рафт. Нафаре, ки баъди намоиши “Ахбори криминалӣ” бо амри дил ба милиса омада буд, имрўз дар бинои прокуратура низ нишондоди дирўзаи хешро, ки матлабаш аз автомашинаи “Тайота Ленд Крузер” марди синну солаш ба ҷое расида, фаромада, ба самти истгоҳ ҳаракат кардро такрор намуд. Аслан дар ҳарду нишондод пайвастагии ягона ин ба тарафи шимол ҳаракат намудани зан ва ба тарафи истгоҳ аз самти рости ҳаракати “Тайота Ленд Крузер” ҳаракат намудани мард буд ва аз рўйи қутбнамо истгоҳи мазкур низ аз ҷойи исти автомашина дар самти шимол ҷойгир буд.
Рўзҳо пушти сар шуданд ва шоҳиде, ки баъди намоиши “Ахбори криминалӣ” ба ёрии тафтишот шитофта буд, ба ҷойи нишондоди собиқ ҳампешаамонро тасдиқ намудан, баръакс онро инкор кард. Маҳз ҳамин ҳолат суханони лейтенанти милиса Шукрихудои Шарифро боз ба ёдам овард:
-Чаро ба ҷуз собиқ ҳампешаи мо дигар касе аз автомашина баромадани он бонуи қашангро надидааст ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ андешаҳои хешро дар атрофи он бону ва нигоҳи атрофиён низ баён намуда, ҳатто шубҳаи хешро низ пинҳон надошта буд. Рў ба рў намудани собиқ ҳампешаамон бо Саид Забир оташи ҳанўз дар зери хокистар бударо дубора рӯшан кард, вале ин шӯъла дар замири мо гармие боқӣ нагузошт, чунки Намоз Хаёл баҳри собит намудани суханони хеш далеле пеш оварда натавонист.
Дар тафтишот гоҳе сухани бе далел гумонҳоро дар атрофи сухангӯ ба бор меорад. Чунин ҳолат метавонад мавқеи суханварро ҳамчун субъекти мурофиаи ҷиноятӣ тағйир диҳад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан