Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 320 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 320 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ноомади кор дар он буд, ки дар ҳарду ҳолат ҳам шоҳидон рўйи нафари аз автомашина берун омадаро надида буданд ва шоҳиди аввала ўро аз пушт дидаву аз рўйи қадам монданаш бонуи қашанг арзёбӣ намуда, ва шоҳиди дирўза вайро чун марди синну солаш ба ҷое расида ба қалам дода.
Дар ҳарду ҳолат як қисми нишондоди ҳар кадоме аз ин шоҳидон эътимоду эҳтироми тафтишотро нисбат ба нафарони лаҳзае пеш дар рў ба рўйи ҳамдигар нишаста бедор мекард.
Эҳтироми моро то кунун сабаб он буд, ки маҳз дараҷаи касбият ва зиракии Намоз Хаёл асос гузошт, то ҳодисаи ба сари Замир Собир омада мавриди таваҷҷуҳи гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ қарор гирад. Ба мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи аъзоёни гурўҳи фаврӣ - тафтишотии ба ҷой ҳодиса ҳозиршуда шоҳид дар он рўзи борони сахт дар салони автомашина пайдошавии занбӯрҳоро чашмбандӣ номида, худ аввалин шуда захми қариб нонамоёнро дар тарафи рости гардани ҷабрдида ба ташхисгар нишон додааст ва барои собит намудани ақидаи хеш қариб бо духтури ташхисгар даст ба гиребон шуда будааст. Рафту агар Намоз Хаёл мавқеи бетарафиро ишғол мекард, ба гумон буд, ки ҳодисаи ба сари Мухтор Саттор омада рўйи об барояд. Дар ин ҷода метавон назди эшон кулоҳ аз сар гирифт, на ин ки аз вай домангир шуд, вале нишондоди нафари дуюм ҳам аз нигоҳи мантиқ ифшогари ҳақиқат буд. Ана худ қазовот намоед, - гўён чашм аз нишондоди Саид Забир канда нигоҳамро дубора ба сўйи муфаттиш дӯхта, ба қавле таваҷҷуҳи ўро ба рафти суҳбат ҷалб намудани шуда, гуфтам ман.
-Гўшам ба шумост, рафиқ майор, - гуфт Нӯшини Азиз.
-Ман бошам...
-Гумон намудед, ки ҳушу ёди муфаттиш дар дигар ҷост, ҳамин хел?
-Қариб.
-Нафарони чанде пеш дар ин ҷо дар муқобили ҳам нишаста шахсиятҳои саропо асрори ниҳонанд ва ё шояд дар назари банда чунин намуд ва бе омӯхтани рўзгори асрорангези ҳар кадоме дар алоҳидагӣ ба гумон аст, дар самти корҳои минбаъдаамон моро дастоварде пеш ояд. Аз ҳамин лиҳоз, гумон мекунам варақгардон намудани ҳолномаи ҳар кадоме дар алоҳидагӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан