Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 321 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 321 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Зид нестам.
-Лаҳзае пештар нигоҳи нафари дуюмро аз рўйи мантиқ ифшогари ҳақиқат арзёбӣ намудед. Мегуфтед, ки дар амали эшон ҳақиқат гуфта чиро дар назар доред?
-Чунинашро интизор набудам. Гумон доштам муфаттиш ғарқи андешаҳои бесару нӯги зиндагист, ин ҷо бошад каломи ба забон овардаи бандаро баъди баҳси на чандон тӯлонӣ дар ҳамон шакли аз забони ман шунида ба ёд овард. Аз шунидани каломи хеш, ки шояд баъди баҳси на чандон тӯлонӣ ба гӯшаи фаромўшӣ рафта буд, лолу карахт мондам ва чун нигоҳи муфаттишро ҷўёи посух ба суолаш дидам, бо азобе андешаҳои хешро дигарбора аз зарраҳо, ки ҳар кадоме чун молекулаҳои химиявӣ дар майнаам давр мезаданд, гирд оварда, дар интиҳо лаб ба сухан кушода гуфтам : - Агар нишондоди Саид Забирро ба нақша ва протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса муқоиса намоем, дар он рўзи боронӣ, вақте ки пиёдагард қисми аввали роҳро убур намуд, танҳо ба хотири риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба тарафи чап нигарист, ҳарчанд автомашинаҳо дар қисми ҳаракати пиёдагард аз ў дар масофаи хеле дур дар қисми дигари чорроҳа таваққуф намуда буданд ва агар нафаре ҳам аз он автомашинаҳо берун меомад, ў вайро дида наметавонист, вале чун ҳамин пиёдагард то байни роҳ омад, автомашинаҳои дар сафи пеш буда дар хати гузаргоҳ буданд ва новобаста аз борон як нигоҳ ҳам басанда буд, ки дар чунин масофаи наздик аз он автомашинаи босалобат баромадани нафареро бубинад.
Шояд нигоҳи ҳамин пиёдагардро дарк намуда, нафари аз автомашина беруномада ба самти гузаргоҳ ҳаракат накард.
Маҳз ба тарафи истгоҳ ҳаракат намуданаш вайро аз чашми бадбине чун чашми Саид Забир эмин дошт.
-Аз нигоҳи мантиқ ҷойи баҳс нест.
-Аз нигоҳи қонун чӣ?
-Дар ин ҷода баҳс ногузир боқӣ мемонад, чунки танҳо баҳс метавонад ҳақиқатро рўйи об барорад. Акнун ки ҳолномаи шоҳидони имрўза мавриди таваҷҷуҳи мо гаштааст, гумон мекунам наздиктарин баҳсҳои мо низ дар ҳамин самт қарор хоҳанд гирифт...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан