Маҳз ҳамин як сухан сабаб шудаву моро чун ҳимоячии ҷинояткор муаррифӣ намуданд, аз ҳамин лиҳоз, шуморо боз - доштам то нуқтаи назаратонро бифаҳмам.
-Ба қавле хабаркаш луқмаро хоида, ба даҳони мо гузоштаст, ҳамин хел?
-Бале.
-Ба кадом хотир?
-Намедонам.
-Пас чаро ҳамон нафаре,ки бо телефони боварӣ ба вазир занг задааст, рост ба мо занг назад? Аз ин бармеояд, ки ў худ аз ифшо шудани ному насабаш метарсад. Модоме ки метарсад, худ ба сухани гуфтаи хеш боварӣ надорад. Пас чӣ ҷойи хавотир шудан. Албатта, ҳамаашро месанҷем, лозим бошад ба ШКД-и ноҳияи Сароб ҳам меравем ва албатта қилро аз хамир ҷудо мекунем.
-Дар ҳамон солҳо як дўсти замони донишҷӯиам дар Сароб сарварии милисаро ба душ дошт, ҳоло ў дар нафақа.
Субҳи фардо ба назди вай равед ва дар бораи ҳодисае, ки сабабгори марги он марди ба ҷиҳод омада гардидаст, пурсон шавед. Зинҳор нагўед, ки ман худатро фиристодам гўед, ки дар асоси хабари оперативӣ омадам ва мехоҳам ҳолатҳои корро дар атрофи собиқ зердасташон Намоз Хаёл бифаҳмам.
Бигузор ин асрор байни мо се тан бимонад. Рафту Намоз Хаёл, гунаҳгор набошад, ман намехоҳам, ки аз амалҳои мо воқиф гардаду дилаш аз бозёфти ҳақиқат монад.
Ман ному насаб ва суроғаи дўсти замони донишҷўии Воҳид Камолро гирифта, бо ў худоҳофизӣ намудам. Сипас ба ошёнаи дуюм баромада, ҳуҷҷатҳоро гузошта, боз ба поён фаромадам. Чун аз бино берун шудам, Шукрихуди Шарифро ҳамроҳи чанд тан аз ҳамкорон, ки шояд аъзои гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ буданд, сари суҳбат дидам.
-Чӣ, имшаб ҳам аъзои гурўҳи фаврӣ-тафтишотиед? - пурсидам аз лейтенанти ҷавон.
-Не, ҳамин ҷо роҳи шуморо нигоҳ карда шиштам.
-Пас агар чунин аст, рафтем, - гуфтам ман ва суръатамро суст накарда, ба самти исгоҳ ҳаракат намудам.





