Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 324 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 324 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Шояд боз каме пиёда ҳаракат намоем? - сустшаваи ҳаракати бандаро дар назди истгоҳ дида гуфт Шукрихудои Шариф.
-Аздусар бе истифодаи нақлиёт то манзил расидани банда душвор аст, илова бар ин фардо боз сари по буданамон лозим.
-Ҳарчи шумо амр намоед, - гўён Шукрихудои Шариф дар исгоҳ паҳлуи ман рост шуд ва то омадани нақлиёти шаҳрӣ мо боз каме сари суҳбат қарор гирифтем.
...Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар замоне, ки саг соҳибашро намеёфт, Ҳамид Ҳомидро (дўсти замони донишҷўии Воҳид Камолро чунин ному насаб буд) сардори милисаи ноҳияи Сароб таъйин намуданд. Чӣ хеле ки худи эшон иброз намуд, Сароб дар масофаи беш аз сад километр дар қисми рости рӯдхонаи Панҷ тӯл кашидааст. Ба таври дигар гӯем Сароб ноҳияи наздисарҳадӣ буда дар он солҳо пойгоҳи онҳое гардида буд, ки дар сангарҳои муқобили Ҳукумат қарор доштанд. Дар он солҳо ҳимояи сарҳад ҳанўз ба души сарҳадчиёни собиқ СССР, ки акнун номи Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак – ул - манофеъро гирифта буд, гузошта шуда, дили касе аз ин ҳимоячиёни сарҳад ба ҳоли мардуми таҳҷоӣ намесўхт. Ин буд, ки нони яроқбадастон болои равған гардида. Ҳамид Ҳомид бандаро бовар кунонид, ки Сароб минтақаи асосие гардида буд дар интиқоли маводи мухаддир ва пеши роҳи ин амалро гирифтан ғайриимкон буд, чунки бархе аз сокинон ва ҳатто мансабдорони маҳаллӣ низ (хушбахтона чунин афрод ангуштшумор буданд) дар ин самт ба нафарони сарҳадшикан ёрӣ медоданд. Дигар дар соҳили рости рӯдхонаи Панҷ дегу масолеҳи оҳанин намонд ва ҳамааш ба ивази маводи мухаддир ба соҳили чап гузашт. Ҳарчанд Ҳукумат ҳанўз имкони ҳалли ин вазъиятро надошт, вале аз рўйи вазъи бавуҷудомада, қисмҳои алоҳидаи Қӯшунҳои сарҳадиро дар байни сарҳадбонони ИДМ ҷо ба ҷо намуд ва оҳиста-оҳиста маҳз ҳамин қисмҳои алоҳида ҳокими мутлақи сарҳад гардида, дар амну осоиши давлат саҳмгузор шуданд.
Чун Ҳамид Ҳомид бандаро ба вазъи умуми минтақае, ки чандин сол дар оромию суботаш саҳмгузор буд, шинос намуд, ман дар бораи нафарони ҷонфидои милиса пурсон шудам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан