Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 327 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 327 аз 499 · 2 ноябри 2026

Маҳз ҳамин нишондодҳо асос шуданду кормандони милиса аз ҷазои ҷиноӣ халос шуданд ва ба ҳар кадоми онҳо ҷазои интизомӣ дода шуд. Сардори ИВС ва милитсионери навбатдорро бо пешниҳоди прокурор аз вазифа сабукдўш намудем. Ана ҳамон вақт дар бораи Хатаб ва заҳри мори африқоӣ бо номи бумсланг мисли овозаи аждаҳо дар афсонаҳо вирди забонҳо гашт. Ана ҳамин хел, рафиқ майор, ҳоло тинҷию амонист, ки шумо баҳри дарёфти ҳақиқат аз қафои он заҳри мори африқоӣ даву тоз доред, дар он солҳо мо чунин имкон надоштем ва ҳатто нафаронеро, ки аз сўзани заҳролудшудаи араби ба ҷиҳодомада ҷони хеш аз даст дода буданд, ба ташхисгоҳи тиббӣ суди фиристода натавонистем.
-Яъне, шумо рафиқ подполковник, боварии куллӣ доред, ки Хатаб тариқи заҳри мори бумсланг ба худкушӣ даст задааст?
-Ман танҳо чизи шунидаамро гуфта истодаам ва он мори африқоӣ чӣ гуна асту заҳраш чӣ тавр ба ин сарзамин омадааст, хабари аниқ ҳам надорам.
-Мехостам андешаи шуморо дар бораи он ки чӣ тавр баъди ин ҳама солҳо дар ҷойи ҳодисаи бо заҳри мори африқоӣ пайвастагӣ дошта ҳозир шудани Намоз Хаёлро бифаҳмам.Чаро дигар кас не, балки нафаре, ки замоне бо интиқолдиҳандагони ин заҳр рў ба рў омада буд, аввалин шуда дар ҷойи ҳодиса пайдо шуд?
-Ин ҳамааш тасодуф аст. Ин ҳамааш барои он чунин ранг гирифтааст, ки Намоз Хаёл аз ягон ҳодисае, ки ҳуқуқи нафареро поймолшуда бубинад, худро барканор гирифта наметавонад ва барои мо фаҳмидани андешаҳои ў хеле душвор аст. Аз рўйи хулқу атвораш ҳар сиёҳдиле метавонад ба ў туҳмат занад, ҳамин хел барои асабашро вайрон намудан дар асл ў чун дарахти санавбар рост аст ва бубинед, ки дар айёми пирӣ ҳам аз паҳлўи ҳодиса ором гузашта рафтанро ба шаъни хеш раво надида, баҳри дарёфти ҳақиқат талош намудааст. Гоҳе ман дар кўчаҳои шаҳр сайругашт мекунам ва баъзан бо нафароне рў ба рў меоям, ки аз диданашон нафратам меояд, чунки онҳо аз ҳамон нафароне ҳастанд, ки ҳамеша ба равиши ҷараёни об бел мезаданд ва ҳангоми дар сари мансаб буданашон, тамоми молу мулки давлатро, ки аз рўйи вазифа дар ихтиёрашон буд, чун дастагули беқурбе нисори қудуми силоҳбадастон намуданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан