Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 326 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 326 аз 499 · 2 ноябри 2026

Пас чи тавр шумо тавонистед аз нафаре, ки саропо гуфтору кирдораш боиси ибрат аст, аз ҷавонмарде чун Намоз Хаёл домангир шавед.
Агар бандаро гунаҳкор меҳисобидед, беҳтар буд.
-Шуморо барои кадом гуноҳатон?
-Охир ман ҳам дар бораи он заҳри мори бумсланг хабар дорам ва натанҳо ман, чунки баъди марги он марди араб дар борааш овозаҳои зиёде паҳн шуд. Ҳарчанд овоза овоза аст ва қобили қабул нест, вале ҳолатҳои марги асрорангези чанд тан аз инсонҳои нек моро ҳам маҷбур намуд. ки ба дурустии он овозаҳо бовар намоем. Бояд гуфт, овозаҳо вақте паҳн шуданд, ки лашкари Қаюм Назар баъди суханони сермурчу каланфури Намоз Хаёл шармандавор аз назди бинои милиса пас гашта рафтанд, ба қавле аз ҳамон лаҳзаҳо парокандагии лашкар сар шуд.
-Рафиқ подполковник, ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро ҳолатҳои марги асрорангез гуфтед?
-Умуман, чанд тан шахсиятҳое, ки ба муқобили мухолифин садо баланд намудаву онҳоро зархариди хориҷиён номиданд, дар давоми се - чор моҳ аз сактаи қалб дунёи фониро тарк намуданд. Ҳеҷ кас ба гўшаи хотир наовард, ки дар ҳамаи ин маргҳо чӣ асроре нуҳуфта. Чун он марди араб дар боздоштгоҳи муваққатии милиса ҷон дод ва прокуратура дар хусуси хунукназарии мо парвандаи ҷиноӣ оғоз кард, нафароне, ки баъди суханронии Намоз Хаёл аз гурўҳи Қаюм Назар ҷудо шуданд, ба тафтишот асли воқеаро гуфта доданд ва Хатабро дар марги фалонию фалонӣ бо нишон додани вақту соаташ гунаҳкор намуданд, ки ў ноаён тариқи сўзандору ба бадани фавтидагон заҳри мори бумслангро ворид намуда буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан