Ба ростӣ, чунинашро интизор набудам, худро ба даст гирифта гуфтам: - Дониши банда дар сатҳи илмҳои дақиқ аз рўйи фоиз аз сатҳи дониши бобои Шомалах, ки замоне аз фанни ҷуғрофия дар Донишгоҳи миллӣ имтиҳон супоридааст, баландтар нест.
-Шомалахаш кист?
-Собиқ мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Ванҷ.
-Вай ин ҷо чӣ дахл дорад?
-Ба таври мустақим ҳеҷ.
-Ба таври ғайримустақим чӣ?
-Вай ҳам чун худи мо шукургузор будааст.
-О, пӯсткандаи гапро гўй набошад, ман чизеро нафаҳмидам!
-Ман ҳар он чи ки лаҳзае пештар дар бораи бобои Шомалах ба ёд оварда будам, бе каму кост ба самъи эшон расонидам. Воҳид Камол аз ханда дилашро дошта, болои курсии чархзананда тоб хӯрд ва об дар чашмонаш ҳалқа зад.
Ниҳоят ў худро ба даст гирифта гуфт: - Чӣ хубе ки бо ҳамин як сухан ман худатро барои варақгардон намудани дафтари хотиротат ҳидоят намудам.Чӣ хеле гуфтам, баробар намудани ҳисоб аз рўйи фоиз бояд чун нигоҳи Намоз Хаёл ба рафти ҳодисаҳо ҷиддӣ бошад. Ё нодуруст гуфтам?
-Не, ҳамааш дуруст.
-Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки ман худатро ба гуфторе дар атрофи ҳолномаи он марди наҷиб ҳидоят намудам. Кайҳо боз чунин нахандида будам, иқрор шуд сарвари милиса.
-Пас шукургузорӣ хуб аст ?
-“Ба ҳар пасту баландии замон шукрона бояд кард,” гуфтани мардум бесабаб нест, - гӯён Воҳид Камол ба суҳбат нуқта гузошт...
...18...
Шукрихудои Шариф ин субҳ бо каме дермонӣ ба идора омад.
-О, бача дар куҷо мегардӣ? Дирўз аз пайи кор рафта, дигар занг ҳам назадед. Сардори идора чанд маротиба аз худат пурсон шуд ва ман дар ҳолати ногувор мондам, баробари дидани ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ намудам ман.





