Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 331 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 331 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Нагуфтед, ки аз пайи супориши муфаттиш рафт.
-Гуфтам, вале Воҳид Камол ором нашуд, ки нашуд ва дар давоми рўз боз худатро чанд бори дигар пурсид.
-Чӣ илоҷ, вале кори хона ба бозор рост намеояд гуфтагӣ барин шуд.
-Пас мегуфтед шер ё ...
-Аққалан нишастан мумкин?-пурсид Шукрихудои Шариф ва мунтазири посухи ман нашуда, ба курсӣ нишаста гуфт:

  • Ба фикрам, вай шоҳиди дуюмро боз як маротиба пурсидан лозим меояд.
    -Саид Забирро?
    -Бале.
    -Сабаб?
    -Ба гумонам ў шоҳиди қалбакист.
    -Далел?
    Лейтенанти милиса аз ҷузвдони бо худ овардааш чанд варақеро бароварда, ба пеши ман гузошт. Мусоҳибамро сари андешаҳояш танҳо гузошта, ба қироати коғазҳои овардааш пардохтам. Дар нишондоди Моҳираи Забир омада буд, ки ў ва шавҳараш дар нимаи аввали моҳи апрел дар осоишгоҳи “Гармчашма” буданд. Аз рўйи ҳуҷҷатҳо, ки аслан баёноти ҳамсояҳо буданд, Саид Забир ва ҳамсараш Моҳира рўзи 17- уми апрел ба манзили зисташон баргаштанд. Ҳодиса дар кучаи Айнӣ рўзи 14 - уми апрел рух дода буд.
    -Шояд Моҳира Забир ин қиссаро ба хотири худнамоишдиҳӣ бофта баровардааст?
    -Намедонам, вале ҳамсояҳо ҳам набудани зану шавҳарро дар он рўзи боронӣ тасдиқ намуданд.
    -Боз чӣ?
    -Онҳо тариқи хатсайри ҳавоӣ дар нимаи аввали рўзӣ 17
  • уми апрел ба шаҳр баргаштанд.
    -Чиптаашонро дидед?
    -Пурсидам, вале Моҳира Забир онро нишон дода натавонист, вале муайян намудани он чандон мушкил нест.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан