Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 332 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 332 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Шумо, рафиқ лейтенант, дар нисбати ҳаракатҳои Саид Забир чӣ гуфта метавонед?
-Беҳтар мебуд, ки ман аз ибрози андешаҳои бармаҳал худдорӣ менамудам.
-Чаро?
-Агар дар ёдатон бошад, чанде пеш ман дар нисбати шоҳиди аввала низ фикру ақидаи хешро баён намуда будам ва акунун аз он гуфтаҳоям шарм медорам.
-То ёфтани қотили асосӣ фикрҳои пештараи шумо ҳамчун назария, ҷозибаи хешро нигоҳ медоранд.
-Эҳтимол чунин ҳам бошад, вале ман акнун фаҳмидам, болои инсонҳое, ки ба милиса ёри додаанд, соя афкандан хуб нест.
-Тарзе сухан мегўед, ки гўё тариқи баландгўяк ҳолномаи эшон ва андешаҳоятонро дар бораи ў баён намуда бошед.
-Ман ба ҷуз шумо дигар бо касе дар ин бора сухан нагуфтаам, вале шарм аз он медорам, ки дар нисбати ҳампешаи хеш чунин гумонҳои ботилро дар дил ҷо додам.
-Ба дил нагиред. Рафту ҳама чизро ба дил наздик қабул намоед, беҳтар мешуд барои худ кори дигаре меҷустед!
-Ман аз милиса рафтанӣ нестам.
-Пас агар чунин аст, бори дигар ёдрас мешавам, милиса вазифадор аст аз ҳамаи онҳое, ки ба ҳодисаҳои дар атрофашон рухдода ба таври мустақим ва ё ғайримустақим алоқае доранд, гумонбар шавад. Мо аз нафарони дар ҷиноят алоқа дошта на барои он гумонбар мешавем, ки онҳоро ба курсии айбдорӣ кашем, балки мақсаду мароми мо ин собит намудани бегуноҳии онҳо низ ҳаст. Магар аз ин дида кори хайре ҳаст?
...
-Хуш, чаро ба даҳон об гирифтед, чунки ба каломи нек посух гуфтан душвор аст.
-Фаҳмидам.
-Фаҳмида бошед, пас бигўед, чаро Саид Забир дар ҳодисае, ки худ иштирок надоштааст, чунин як амали нангинро ба душ гирифт?
-Шояд ҳамаи инро сабабе ҳаст.
-Ана муайян намудани ҳамон сабаб вазифаи ҷонии мост.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан