-Фаҳмидам.
-Пас агар чунин аст, то фардо субҳ далелҳои шайъиро ёфта биёред, чунки бе далел сухан асар надорад. Аз хотир набароред, ки ҳарду ҳодиса ҳам бо ҳамон бинои фурӯрафтаи таърихи сесола дошта пайванданд. Ҳама асрори ниҳонро аз ҳамон бино, ки боиси ҳалокати одамон гаштааст, ҷўё шавед!
-Оё намегўед бо Саид Забир чӣ созам?
-Бадии кор дар он аст, ки ҳамсарашро пурсидед ва ба гумон аст, ки бонуи хона аз ташриф ва мақсаду мароми милиса ҳамсарро огоҳ накунад. Дар он сурат амали навбатии вайро фаҳмидан душвор мешавад.
-Дар ин самт дигар ҳалли муаммое моро дар пеш нест.
-Чӣ хел?
-Чунки вай дар ҳамин ҷост.
-Дар берун?
-Дар дафтари қабули шаҳрвандон, ман ба ёрдамчии навбатдор супориш додам, ки вайро назора намояд.
-Рафта ўро ба ин ҷо биёр, ман бошам муфаттишро даъват мекунам.
-Шояд худамон?
-Муфаттиш сарвари гурўҳи тафтишотист ва боз...
-Чаро суханатонро буридед?
-Гунҷишкро кӣ кушад?
-Қассоб.
-Набошад чӣ ҷойи баҳс, рафта вайро ба ин ҷо биёред!
-Итоат.
Чун лейтенанти милиса ба ошёнаи якум фаромад, ман ба сардори гурўҳи тафтишотӣ занг задам, вале ҳама кӯшишҳоям бе натиҷа анҷом ёфт.
Мо пурсиши нафареро, ки нияти тафтишотро аз роҳи рост баровардан дошт, ба душ гирифтем. Тайи се соати пурсиш Саид Забир каломе ба забон наовард. Ҳарчанд ҳанўз дар нисбаташ далелҳои боэътимод надоштем, вале ба хотири нигоҳдории сирри тафтишот ба таваккал даст зада, вайро ба муддати 72 соат боздошт намудем. Протоколи боздошт намуданашро имзо намуда, вайро ба дасти навбатдор супоридем. Нусхаи протоколро барои маълумот тариқи котибот ба прокурор фиристода, тариқи телефон ҳамсарашро низ дар ин бора огоҳ намуда, ба қавле нафаси сабук кашидем..





