Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 335 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 335 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Рафту агар гуноҳи вайро собит карда натавонем чӣ? - пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Мо ўро дар марги собиқ судя гунаҳкор накардем ва барои боздошти муваққаттияш ҳамон нишондоди бардурўғаш ҳам кофист.
-Бозӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб, - гуфт Шукрихудои Шариф.

... 19 ...

“Бошад,ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро”.
Рўзгори пурпечутобе доштааст Саид Забир.
Рўзгори саропо аз асрор. Асроре, ки ҳамеша таваҷҷуҳи мақомотҳои кошифиро бедор карда метавонад. Асроре, ки то кунун ҳолномаи эшонро паси пардаи ҳарире аз ҳама барфу борон ҳифз менамуд. Рафту агар худи Саид Забир боре ҳам андеша мекард, ки каломи дурўғ поя надорад, касе ҳам пишаки ўро пишт намегуфт, вале чӣ илоҷ, ки аллакай корд аз устухон гузашта ва шоҳиди ба ёрии тафтишот дасту остин барзада ба хотири нафаре шуда, болои шахси бегуноҳе соя афкандан хост ва бо ин амал порае аз рўзгори хешро, ки то кунун паси симтӯри аз торҳои тортанак танидашуда зери чангу ғубор мехобид, рўшан намекард, он шояд то қиёмат ҳамчун асрори нуҳуфта боқӣ мемонд.
Ё, кӣ медонад, ки гардиши айём бо вай ва асрори нуҳуфтааш боз чӣ мекард...
Чӣ дунёе, чӣ дунёе, чӣ дунё. Нафаре, ки мехост болои дигаре соя афканад, худ ба доми танидааш афтид. Ҳарчанд замоне силоҳ ба даст гирифтаву идеологияи бегонагонро дар Ватани хеш ҷорӣ кардан хост ва бо амри тақдир пирўзӣ насибаш нашуд, касе гузаштаашро такурӯ накард ва ҳама хатоҳояшро ба ҷавониаш нисбат додаву фирефтаи макру ҳияли бегонагон шуданаш донистанд, бехабар аз он ки ҳамин ҷавон дар ҳамон солҳо ҳам ташнаро лаби чашма бурда, боз ташна бармегардонд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан