Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 338 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 338 аз 499 · 2 ноябри 2026

Нафари ба гурўҳи дуюм шомилнамудаи мо ҳамон духтаракест, ки ВАО дар атрофаш сару садоҳои зиёде барпо намуданд.
Новобаста аз он ки мо дар дафтари кории судя ва дар ҷайби сохтмончӣ акси ҳамон духтаракро пайдо намудем, вале касе аз пайвандонаш ба ин кор даст зада наметавонист, чунки волидайнаш соле пас аз он ҳодиса ба вилояти Краснодари Федератсияи Русия кўчида рафтанд ва тайи ду соли охир боре ҳам озими ҷумҳурии мо нашуданд.
-Пас он расмро ба кадом хотир чун шиноснома дар ҷойи ҳарду ҳодиса гузоштаанд? - пурсид Воҳид Камол.
-Ин ҳама аз назарфиребие беш нест. Шояд қотил расмро чун ҳамон занбӯрҳо барои аз роҳи рост баровардани тафтишот истифода бурдааст. Дар ин амал нисбат ба сохтмончӣ чизе гуфта наметавонам, вале судя бинобар он ба акси гирифтааш чандон аҳамият надодааст, ки дар куҷо будани волидайни духтарро хуб медонистааст ва дар ин самт хатареро ҳис нанамудааст.
-Дар нисбати нафарони шомили гурўҳи сеюм буда чӣ гуфта метавонед?
-Нафари якуми ба ин гурўҳ шомилбуда соҳиби як писарбачаи сесола мебошад. Ҳамсараш муаллимаи забони англисӣ буда, дар он рўзи боронӣ дар мактаб будааст. Падару модараш кайҳо аз ҳам ҷудо шуда, бо дигаре оила барпо намудаву дар дигар минтақаҳои мамлакат ҳамроҳи фарзандони аз оилаи навашон ба дунё омада зиндагӣ доранд.
Аз рўйи нишондоди ҳамсар ва ҳамсоягон муносибати онҳо на дар он сатҳе қарор доштааст, ки бархилофи тақдири Худованд ба амале чун одамкушӣ даст зананд. Нафари дуюм 44 - сола буда, соҳиби як писару ду духтар аст. Духтаронаш яке 22 ва дигаре 17 - сола буда, писараш ҳамагӣ 12 сол дорад. Духтари
22 - солааш соҳиби як писарбача буда, айни вақт дар ВМКБ зиндагӣ дорад. Духтари дуюмаш имсол мактаби миёнаро хатм мекунад. Ҳамчунон, ўро бародаре ҳаст, ки тайи ду соли охир дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз пайи рўзгори хеш ва фарзандонаш аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан