-Бо кадом далелҳо шумо ҷустуҷўйро дар самти ҳаракатҳои пешини тафтишот қобили қабул намешуморед? - пурсид муфаттиши прокуратура.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ варақаеро аз байни ҷузвдони бо худ овардааш гирифта, болои миз гузошта гуфт:
- Ана ин синну соли нафарони фавтида ва пайвандони ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ. Ман бисёр мехостам, ки ҳамаи инро шумо аҳли нишаст нуқта ба нуқта мавриди омўзиш ва таҳлил қарор диҳед. Чун ин пешниҳод пазируфта шавад, ман метавонам дар бораи самти дигари ҳуҷум низ андешаҳоямро баён намоям.
-Агар пешниҳоди шумо пазируфта нашавад чӣ?
-Рафиқ полковник, беҳтар мебуд пешниҳоди нақдро мавриди баррасӣ карор медодем, дар он сурат рўйи об баромадани корҳои ҷустуҷўйи аз самти муқобил мушкилотеро пеш намеовард.
-Оё гуфтан намехоҳед, ки ба умеди шиши нася шуда, аз дунбаи нақт ҳам намонем.
-Ҳарчанд чунин гуфтанӣ ҳам набудам, вале ҷонибдори каломи ҳозираатон ҳастам.
-Пас агар чунин меҳисобед, марҳамат бо факту далелҳо пешниҳоди худро мустаҳкам намоед, - амр дод сарвари милиса.
-Бояд зикр намоям, ки аз рўйи синну сол метавон фавтидагонро ба чор гурўҳ тақсим намуд.
а)ду нафар то синни 10 - сола.
б)як нафар 18 - сола.
в)ду нафар аз 30 то 45 - сола.
г)се нафар аз 60 то 75 - сола.
Дар ҳамин ҷо лейтенанти милиса лаҳзае ист намуда, ба аҳли нишаст чашм дўхт ва чун ҳамаро гўш ба қимор дид, боз ба баёни андешаҳои хеш пардохт: - Ду нафари ба гурўҳи якум шомилбуда яке духтараки 7- сола ва дигаре писарбачаи 9-сола буда, ба ҷуз онҳо аз хонадони якум се нафар ва аз хонадони дуюм ду нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, бистарӣ шуданд. Падару модари фавтидагон дар ҳодисаи мазкур аз касе домангир нестанд ва андеша бар он доранд, ки аз тақдир роҳи гурез нест.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




