-Ин ба гуфтан осон, - эътироз намуд муфаттиш.
-Моро ба ҷуз таваккал роҳи дигаре нест.
-Шояд худи Саид Забирро пурсем, охир ду шабонарўз ўро беҳуда нигоҳ доштем,-андешаҳои хешро баён намуд Хайриддини Сайдумар.
-Саид Забир ин чормағзи сахт аст, вале Фотима Амон баръакси ўст. Аз нигоҳи мантиқ Саид Забир ҳангоми дар ҷабҳаи мухолифин фаъолият намуданаш имкони пурраи ба даст овардани он заҳрро дошт. Агар мо шиносоии эшонро бо Фотима Амон собит карда тавонем, ҳисоб намоед, ки бонуи қашанг маҳз ҳамин зане ҳаст, ки ба хотири муҳаббат дари хонаи падарро ба рўяш баста.
-Чун мо дар нисбати Фотима Амон ягон далеле надорем, чӣ тавр метавонем ба анҷоми неки кор умед бандем?
- изҳори нигаронӣ намуд муфаттиш.
-Ба ҷуз таваккал роҳи дигареро надида истодаам. Хуб мешуд, ки оғози субҳи навро аз пурсиши ҳамин бонуи дар гирдоби муҳаббат афтида сар менамудед. Рафиқ капитан, фардо субҳ иштироки Фотима Амонро ба назди муфаттиш таъмин намоед! - гуфт сардори милиса.
-Итоат, рафиқ полковник,-чун ҳама ҳарбиён аз ҷой бархоста гуфт Хайриддини Сайдумар.
-Фардо вохўрӣ боз дар ҳамон вақти таъиншуда. Аз хотир набароред, ки Саид Забирро боздошт намудаед ва муҳлати собит намудани дараҷаи гуноҳаш хеле кам мондааст, боз нашаваду... - гўён сарвари милиса ба суҳбат нуқта гузошт.
...20...
Новобаста аз мушкилоти дар зиндагӣ пешорўйи Фотима Амон омада ҳанўз ҳам чашмони ҷавонзан хеле фаттону ҷаззоб ба назар мерасиданд, ки ин худ як нишонае аз иродаи мустаҳками вай буд. Ҳарчанд то кунун мо сари мақсад наомада будем, вале ба сабру таҳаммул ва хунсардии нафаре, ки ба пиндори мо дар ду куштор даст дошт, аҳсан нагуфтан ғайриимкон буд. Тайи солҳои дар милиса кору фаъолият доштанам, банда бо нафарони дар ҷиноят даст дошта борҳо сари як миз нишаста, суҳбат намуда будам, вале имрўз бо ҳама сайъу, талош, ҳатто ба ёд оварда натавонистам, ки нафаре аз онҳо ба чашмонам нигариста буд ё не. Бемуҳобот гуфта метавонам, кулли онҳоеро, ки ба милиса меоранд, ҳангоми пурсиш кӯшиш менамоянд нигоҳашонро аз нигоҳи ҳомии қонун гурезонанд, вале имрўз дар дафтари кори муфаттиши прокуратура акси ҳолро дидам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




