Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 342 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 342 аз 499 · 2 ноябри 2026

Рафту агар муфаттишро намешинохтам ва ў дар курсии хеш не, балки дар ҷойи ҳозираи банда дар рў ба рўйи гумонбаршуда менишасту ман аз берун вориди дафтари кориаш мешудам, бе ягон истиҳола дар нақши ҳомии қонун ҳамин ҷавонзани бебокро, ки тири нигоҳаш қалби ҳар гуна мардро мешикофт, медидам...
Оғози суҳбат чун ҳама чунин суҳбатҳо чандон хотирмон набуд.
Муфаттиши прокуратура аз рўйи таҷрибаи дар тафтишот андўхтааш мавқеи кунуни мусоҳибашро дар атрофи ҳодисаи фурўравии бинои бисёрошёна дар кўчаи Навбаҳор, ки таърихи беш аз сесола дошт, донистан хост.
-Кўҳ афтид, садояшро нашуниданд ва намедонам, ки баъди се сол чаро шумо ба овози сангрезаҳояш таваҷҷуҳ намуда истодаед? - қариб бо овози нимшунаво гуфт ҷавонзан.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки кадоме аз ҷабрдидагони он ҳодиса мутасаддии асосиро, ки дар шунидани овози кўҳи гуфтаатон масъул буд, ба он дунё фиристод.
-Гуфтаниед,ки ўро куштанд?
-На танҳо ўро.
-Ё тавба, ҳеҷ нафаҳмидам марги онҳо ба кӣ лозим будааст?
-Ана барои ҳамин шуморо ба ин ҷо даъват намудем.
-Гумон доред, ки ман қотилро мешиносам?
-Шуморо намедонам, вале вай шуморо нағз мешиносад.
-Ман касеро сари ҷинояте даст нагирифтаам, пас чӣ тавр метавонад қотил манро шиносад?
-Кӣ гуфт, ки вай қотил аст?
-Шумо, ё аллакай гуфтаҳои хешро аз хотир баровардед?
-Қасам мехӯрам, ман нагуфтам.
-Рафиқ майор, рафти суҳбатро каме ба қафо тоб диҳед, - амр кард муфаттиш ва ман тугмачаи диктофонро лаҳзае пахш намуда, сипас онро сар дода, тугмачаи дигарашро зер намудам...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан